Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари фуруди тарма ва барфрезиҳои шадид дар як моҳи ахир садҳо нафар дар инҳисор монда ва ба иттилоъи расмӣ, то 10 нафар кушта шуданд.

Тармакӯчии навбатӣ дар мавзеъи ба офати табиӣ шинохташуда Майхура, 60-километрии шимоли Душанбе, тайи чаҳор рӯзи ахир беш аз 100 нафарро банд карда ва даҳҳо адад мошинро низ бо молу колояш дар муҳосираи барфи баландиаш то 6 метр гузоштааст. Дар айни замон ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд, ки аз Майхура мегузарад, мутаваққиф шудааст.

Беш аз 100 нафаре, ки бар асари тармахезиҳои 6-уми январ дар мавзеъи Майхура, 60-километрии шимоли Душанбе, дар инҳисори барфи 6-метра мондаанд, тайи чаҳор рӯзи ахир аз мақомоти Тоҷикистон илтиҷои наҷоти ҷонашон мекунанд. Тавре ки як сокини ноҳияи Панҷакент Миракшо Ҷунайдов, ки дар ба истилоҳ, «асорати тарма» будааст, дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, аз кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мадад хостаанд, аммо бо гузашти чанд рӯз, ҳеҷ гурӯҳи махсуси наҷотбахшӣ ба кӯмаки онҳо равон нашудааст:

«Мо худамон ба КҲФ телефон карда, хоҳиши наҷот кардем, ин ҷо 4 рӯз аст, ки банд мондаем, ҳамроҳ бо занону кӯдакон ва чанд нафари бемору ҳомиладор. Ҳоло мегӯянд, то як ҳафтаи дигар роҳ боз намешавад, бисёр аҳволамон бад аст. Тракторҳои барфрӯби эронӣ ҳам кор намекунанд, дар ҳоле ки ду рӯз аст, ҳаво хуб, офтобист. Илтиҷои наҷот дорем, илтимос, ба мақомот расонед, ки дигар асабҳо ва тавони ҷисмониамон хароб шуда, эҳтимол то як ду рӯзи дигар метавонем ин ҳамаро тоқат кунему халос».

Дар ҳамин ҳол, кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, ки ҳаракати мошинҳо дар километрҳои аз 47-ум то 63-юми масири Душанбе-Хуҷанд, мавзеъҳои наздик ба Майхура ва нақби «Истиқлол», бинобар бориши барфи бисёр қатъ шудааст, аммо дар ин ниҳод вуҷуди одамон дар муҳосираи тармаи Майхураро такзиб намуданд.

Ва аммо вазорати нақлиёти Тоҷикистон иқрор мекунад, ки шумори қобили мулоҳизаи шаҳрвандон дар инҳисори тарма дар маҳаллҳои атрофи Майхура боқӣ мондаанд ва дар навбати аввал кормандони нақби «Истиқлол» барои наҷоти онҳо шитофтаанд. Абдулмаҷид Шарифов, як масъули вазорати нақлиёт ба радиои Озодӣ гуфт, тамоми техникаи барфрӯбӣ равонаи мавзеъи офат шудааст ва онҳое, ки бандии тармакӯчиҳо гардидаанд, бо маводди ғизо таъмин ҳастанд:

«Тамоми мошинҳои барфрӯби мо дар маҳаллӣ ҳодиса барои тоза кардани роҳ истифода мешаванд. Мошинҳо боз ҳам дар рӯзе, ки ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд мамнӯъ аст, яъне дар рӯзҳои панҷшанбе-якшанбе ҷониби шимол раҳсипор мешаванд, ба таъкидҳои бамаротиби мо гӯш намедиҳанд ва ин боиси фалокатҳо мешавад».

Дар ҳоле ки вазорати нақлиёт аз муҳосираи танҳо наздики 10 худрав дар барфи Майхура хабар медиҳанд, шоҳидони ҳол, онҳое, ки феълан дар маҳалли офат ба сар мебаранд, мегӯянд, ки фақат андаруни нақби «Истиқлол» беш аз 100 адад мошини борбару сабукрав банд шудаанд. Дар мавриди талафоти ҷонӣ ҳанӯз иттилоъе нест.

Ба иттилоъи ниҳодҳои расмӣ, ҳамин гуна тармахезӣ дар мавзеъи Майхура, шоми 21-уми декабр ҷони се нафарро рабуд ва 15 худравро пахш кард. Ахиран бар асари фуруди тарма дар наздикиҳои ноҳияи шарқии Нуробод низ чаҳор нафар дучори садама ва ҳалок шуданд. Мақомот таъкид мекунанд, ки ҳаракат дар ҷодаҳои кӯҳистонӣ бисёр хатарзост ва сокинони кишвар бидуни зарурати қатъӣ бояд аз равуо тариқи ин роҳҳо худдорӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG