Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болопоинҳои тарозуи Амрико, Ховари Миёна ва Эрон


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш.
Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш.

Дар сафари раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Даблю Буш ба Ховари Миёна раванди сулҳи Исроилу фаластиниҳо ва бими давлатҳои араб аз Эрон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки раванди сулҳи Ховари Миёна ва таҳдиди Эрон дар ин минтақа аз масъалаи асосии сафари президенти Амрико шумурда мешавад, моҷарое, ки дар тангии Ҳурмуз миёни новҳои дидбонии Эрон ва киштиҳои ҳарбии Амрико ба вуқӯъ пайваст, аҳамияти вижа касб мекунад. Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс ин ҳодисаи Ҳурмузро хеле хатарнок ва иғвогарона номид.

Ба иттилоъи мақомоти низомии Иёлоти Муттаҳида, киштиҳои ҳарбии Амрико рӯзи якшанбе дар обҳои байнулмилалӣ аз тариқи тангии Ҳурмуз ба самти Халиҷи Форс шино мекарданд ва дар ҳамин ҳол панҷ нов ё заврақи тезгард, ки бовар меравад, ба нирӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон марбутанд, ба онҳо наздик шудаанд ва ҳаракатҳои "арбадаҷӯёна" нишон додаанд.

Теҳрон воқеъаро як рӯйдоди муқаррарие мешуморад, ки дар гӯё дар миёни киштиҳои Эрон ва Иёлоти Муттаҳида зиёд ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо амрикоиён мегӯянд, эрониҳо таҳдид кардаанд, ки баъд аз чанд лаҳза киштии амрикоиҳо мунфаҷир хоҳад шуд ва ҳамчунин ашёи номаълуме ба об андохтаанд.

Расонаҳои хабарии ҷаҳон ин ҳодисаро дар сархатти ахбори худ қарор доданд, вале эрониҳо онро як таблиғоти амрикоиҳо дар остонаи сафар Буш ба Ховари Миёна номиданд. То куҷо ба ин сафар рабт доштани ҳодисаи Ҳурмуз дақиқ нест, вале аксари коршиносон бар инанд, ки барномаи Буш дар ташаккули як иттиҳоди зиддиэронии кишварҳои Ховари Миёна мумкин аст, Теҳронро водор кардааст, ки бо ин роҳ осебпазирии манфиатҳои Амрикоро дар Халиҷи Форс ба намоиш гузорад. Дафъатан баъд аз ин хабар қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ чанд нукта боло рафт. Сухангӯи Вазорати умури берунаи Амрико, Шон Маккормак гуфт, Вошингтон нақшаи эътирози расмӣ надорад, аммо омодааст, ба чунин бархӯрд посухи муносиб диҳад: "Мо бо чунин рафтори Эрон, таҳдиди он ба мо ё ҳампаймонҳои мо, таҳдиди он ба покизагии низоми байнулмилалии тиҷорат ва молия рӯёрӯӣ хоҳем кард."

Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ин ҳодиса ба манфиати Теҳрон буда наметавонад, зеро Буш дар Ховари Миёна айни ҳамин таҳдидомезии ҳукумати Эронро ба давлатҳои араб муаррифӣ хоҳад кард. Баъд аз нашр шудани гузориши амнияти миллии Амрико, ки хатари фаъолиятҳои ҳастаии Теҳронро камаҳамият кард, давлатҳои араб ва ҳамчунин Исроил чунин рамуз гирифтаанд, ки Вошингтон мехоҳад, фишори сарсахтона ба Эронро коҳиш дода, рӯ ба нармише орад, ки дар ҳалли мушкили Ироқ кӯмак кунад. Акнун Буш қарор аст, ин гумонҳоро аз байн барад.

Пеш аз сафар ба минтақа вай бори дигар зикр кард, ки бо вуҷуди гузориши мазкур, Эрон ҳамчун як хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад ва ин мушкил бояд бо василаҳои дипломатӣ ҳал шавад, аммо гузинаҳои дигар низ канор гузошта нашудаанд. Аз сӯи дигар, бархе аз таҳлилгарон моҷарои тангии Ҳурмузро ба рақобатҳои дохилии Эрон марбут медонанд, дар остонаи интихоботи маҷлис. Ба гуфтаи ин коршиносон, афзоиши фишори Амрико бар сари Теҳрон ба манфиати усулгароҳо ва муҳофизакорони Эрон низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG