Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои ғарбӣ: Саакашвилӣ ва Саркозӣ


Шумораи тозаи аксари нашрияҳои ғарбӣ натоиҷи интихоботи қаблазвақти раёсати ҷумҳури Гурҷистон, пирӯзии Михаил Саакашвилӣ дар ин интихоботро дар сархати ахбори худ қарор додаанд.

Рӯзномаи «Индепендент» ба қавл аз таҳлилгарон навиштааст, натиҷаи интихоботи ахири Гурҷистон нишон дод, ки Саакашвилӣ пуштибонии чаҳор сол қабл дар миёни мардуми гурҷӣ доштаро аз даст додааст. Ва навиштааст, обрӯи оқои Саакашвилӣ таи моҳҳои ахир хеле поин рафтаааст, ки як иллати дар вазъи мушкили иқтисодӣ ва дигаре аз тариқи нирӯи мақомоти қудратӣ пароканда кардани намоишгарон дар тирамоҳи соли гузашта будааст.

Ба қавли таҳлилгарони «Индепендент», мавқеи Михаил Саакашвилӣ ба дунболи ин интихобот заъифтар хоҳад шуд, зеро рушди иқтисоди Гурҷистон ба кундӣ сурат мегирад. Ин нашрия навиштааст, ҳарчанд Русия интихоботи Гурҷистонро ношаффоф ва дар натоиҷи он вуҷуди тақаллубкориро эълом доштааст, аммо гумон аст, ки ин ба вазъ дар Гурҷистон таъсире дошта бошад, зеро аксари нирӯҳои мухолифини ин кишвар ба Русия бо гумону шак нигоҳ мекунанд ва назари ғарбгароии Саакашвилиро пуштибонӣ мекунанд.

Ва дар иртибот ба интихоботи раёсати ҷумҳури Гурҷистон рӯзномаи фаронсавии «Либерасион» ба қавл аз мардуми одии гурҷӣ, ки мушкили дастрасӣ ба ҷои кори мувофиқ доранд ва ё дар замони раҳбарии Саакашвилӣ аз ҷои кори худ маҳрум шудаанд, навиштааст, «Саакашвилӣ ва тими ӯ тамоми Гурҷистонро хеле арзон фурӯхтанд». Вале, менависад ин рӯзнома, бо он ки Саакашвилӣ дар маъракаи қаблазинтихобтӣ мардумро бо ваъдаҳои иҷтимоӣ мутмаин сохт, ин бор ҳам раъйи бештари мардумашро ба даст овард.

Рӯзномаи «Таймз» аз таъхири тарҳи ширкати «Газпром»-и Русия дар мавриди бунёди хати мадиди лӯлаи газ аз сибир ба Ғарби Аврупо хабар додааст. Нашрия навиштааст, харҷи ин тарҳ аз нақшаи ибтидоӣ хеле афзуда ва ҳам бо ин иллат мӯҳлати бунёди он тӯл мекашад. Рӯзнома ба қавл аз мутахассисон гуфтааст, маблағи ин тарҳ аз 5 миллиард еврои қаблӣ ба 8 миллиард евро афзоиш хоҳад ёфт.

Рӯзномаи «Ню Йорк таймс»-и амрикоӣ навиштааст, тахмин мешавад, ки ибтидои соли ҷорӣ раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва сарони кишварҳои Аврупо бар хилофи мухолифатҳои шадиди Сербистон ва Русия, истиқлоли Косоворо эътироф кунанд. Ва менависад, ин иқдом паёмадҳои норӯшан хоҳад дошт. Рӯзнома афзудаст, агар Косово истиқлолият ба даст орад, метавонад диаспораи серб дар Босния аз ин иқдом намуна бардошта ва ин кишвар низ ба ду қисмат шавад, мисолҳои ҳамсон дар Белҷик миёни фламандҳо ва валлонҳо, дар Молдова Приднестровйе, дар Русия Чеченистон, дар Ироқ Курдистон ва дар бисёр кишварҳои ҷаҳон эҳтимоли вуқӯъ хоҳад дошт.

Ва аммо нашрияи дигари чопи Порис «ҶДД» хабар додааст, ки Николя Саркозӣ тасмим дорад, барои бори савум хонадор шавад. Ҳамсари ояндаи оқои Саркозӣ Карла Брунӣ хоҳад буд ва қарор аст, 8-ум ва ё 9-уми феврали соли ҷорӣ тӯи арусӣ баргузор кунанд. Ба навиштаи нашрия, Саркозӣ бо Брунӣ фотиҳа шудаанд ва бо нишони рамзи муҳаббат Саркозӣ ба Брунӣ ангуштарӣ бо нигини аз бриллиант ва ё алмоси сурх таҳияшуда тақдим карда ва аз завҷаи ояндааш соати дастии сохти шветсария тӯҳфа гирифтааст. Брунӣ, ҳамсари ояндаи Николя Саркозӣ, моделйери собиқ ва сароянда будааст.

XS
SM
MD
LG