Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши шумори созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон


Созмонҳои ҷамъиятии занона аз созмонҳои фаъолтарин мебошанд

Созмонҳои ҷамъиятии занона аз созмонҳои фаъолтарин мебошанд

Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки раванди сабти номи такрории созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ дар кишвар ба поён расид.

Аз 3130 созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии расман сабтиномшуда то якуми январи соли равон танҳо 1040-тои онҳо асноди худро мутобиқ бо қонуни нави танзимкунандаи фаъолияти ин созмонҳо омода карда, такроран сабт шудаанд. Бо анҷоми замони сабти муҷаддади номи созмонҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагии созмонҳои байнулмилалӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон беш аз 2 ҳазори онҳо ҳаққи идомаи фаъолият дар Тоҷикистонро аз даст додаанд.

Сабти дубораи номи ин созмонҳо бар асоси таҳрири нави Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз моҳи май то 31 декабр ҷараён дошт. Давлат Сулаймонов, сардори идораи сабти номи аҳзоб ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, то ҳоли ҳозир танҳо аз се як ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ худро дубора сабти ном кардаанд.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, фаъолияти созмон ва иттиҳодияҳои иҷтимоие, ки дар мӯҳлати таъйиншуда натавонистаанд дубора сабти ном шаванд, дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ дониста мешавад. Вале, меафзояд оқои Сулаймонов, ин созмонҳо дар он сурат метавонанд ба фаъолияти худ идома бидиҳанд, ки ҳама мароҳили сабти ном барои як созмони нави иҷтимоиро пушти сар кунанд.

Давлат Сулаймонов гуфт, дар пайи хатми маъракаи сабти дубораи ном маълум шуд, ки шумори намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон низ ду маротиба коҳиш ёфтааст. Масъулини вазорати адлия мегӯянд, як далели аслии чунин коҳиши бамаротиби шумори созмонҳои сабтиномшудаи ғайридавлатӣ ва иҷтимоӣ ин аст, ки бахши аъзами онҳо кайҳо аз фаъолияти амалӣ бозмонда ва бархе танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд доштаанд. Ин аст, ки тақрибан ду ҳазори онҳо бо вуҷуди 6 моҳи пешбинишуда дархости сабти дубораи ном накардаанд.

Давлат Сулаймонов мегӯяд, бархе аз созмонҳои маҳаллӣ ва байнаулмилалӣ бо далоили муфлисшавӣ ва низ қарздорӣ дар назди идораи молиёти кишвар натавонистаанд фаъолияти худро тамдид кунанд. Вале дар ин миён талошҳои мукаррари бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Хонаи Озодӣ ва Институти Миллии демократии Амрико, ҷиҳати сабти номи намояндагиҳояшон дар Тоҷикистон бенатиҷа ба поён расидааст. Зеро вуқӯъи инқилобҳои, ба истилоҳ, ранга дар бархе аз кишварҳои шӯравии пешин, аз ҷумла Укроин, Гурҷистон ва Қирғизистонро роҳбарони бархе аз кишварҳо кори дасти ин созмонҳо арзёбӣ карданд. Ва ин дар навбати худ нигаронии мақомоти бақия кишварҳои ин қаламрав ва махсусан Осиёи Марказиро ба бор овард.

Сабти дубораи номи созмонҳои ғайридавлатӣ ва иҷтимоӣ бар асоси қонуни ислоҳшудаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад. Ин қонун, ки моҳи майи соли гузашта қабул шуд, ба далели афзудани нақши назоратии давлат бар фаъолияти ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG