Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Регар" ба Ҷоми Иттиҳод тайёрӣ мебинад


Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон давраи омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2008 шурӯъ кард.

Шонздаҳумин давраи Ҷоми қаҳрамонони футболи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик бо ширкати 16 даста – тимҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ҳамчунин, тими ОФК-и Белгради Сербия - дар чаҳор гурӯҳ аз 19-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.

«Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «В» 19-уми январ бо қаҳрамони Қазоқистон - тими «Оқтеппа»-и Оқтеппа, 20-уми январ бо қаҳрамони Озарбойҷон - тими «Хазар»-и Ленкоран ва 22-юми январ бо қаҳрамони Литва - «ФБК-Каунас» -и Каунас - рақобат хоҳад кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки 23-юми январ доир мегарданд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми январ сурат мегиранд. Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2008 дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми январ баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо мақсади боз ҳам пурқувват кардани даста гурӯҳи бозигарон аз се тими шаҳри Душанбе - «Динамо», «ХИМА» ва CSKA «Помир», инчунин, аз дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа даъват шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Ҳабибуллоев, тими «Регар» ТадАЗ барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод рӯзи 18 январ ба Русия сафар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG