Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи фирории микроавтобус боздошт шуд


Ронандаи фирории микроавтобуси хатсайри 16 Қурбоналӣ Ғиёсов, ки дирӯз бо қаторакаши роҳи оҳан бархӯрд, боздошт шуд.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Қурбоналӣ Ғиёсов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ва ҷузъиёти ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Maҳмадулло Асадуллоев, муовини раиси дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Қурбоналӣ Ғиёсов - ронандаи мусофирбари рақами давлатиаш АБ 4124 ҳангоми ҳаракат дар хатсайри 16 қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба нишон додани байрақачаи дидбони роҳ аҳамият надода, хостааст, аз қатор пештар роҳи оҳанро убур кунад, вале дар ҳамин ҳангом, мошини ӯ дар рӯи хати оҳан аз ҳаракат бозмондааст ва ӯ ба хотири ҳифзи ҷонаш мошинро бо мусофиронаш гузошта фирор кардааст.

Оқои Асадуллоев афзуд, ронандаи фирорӣ дар як амалиёти ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст. Оқои Асадуллоев мегӯяд, дар натиҷаи ин садама 9 нафар дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд.

Ному насаб ва соли таваллуди кушташудаҳо ин ҷост


Дар ҳамин ҳол, мусофирон ба сурати умум сокинони кишвар аз хидматрасонии ронандагони мусофирбар изҳори норозигӣ мекунанд ки беэътиноӣ ва бепарвоии онҳо боиси садамаҳо ва маҷрӯҳ шудани сокинон шудааст. Хуршед Назаров, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар аксари ҳолат ронандагон ба хотири ба даст овардани фоида одитарин меъёрҳои амниятиро риоят намекунанд, ки ин ҳатто ба куштори мардум меанҷомад.

Аммо ронандагон худро бегуноҳ медонанд, онҳо мегуянд, аслан субҳо роҳҳо серодаманд ва одамон ба хотири зудтар ба ҷои кор расидан, худро ба мусофирбар мезананд.

Ҳангоми сӯҳбат мусофирон аслан кормандони БДА-ро айбдор медонанд, ки онҳо дар ивази гирифтани ришва аз ронандаҳо аз ҳамаи амалҳои нодурусти онҳо чашм мепӯшанд.

Аммо кормандони БДА низ ронандагонро айбдор медонанд, ки ҳангоми ҳаракат кӯшиш мекунанд, ки пеш аз дигарӣ одамони сарироҳро савор кунанд ва гузашта аз ин, ба хотири зудтар дарёфт кардани пули мусофир дар роҳҳо мусобиқа мекунанд, ки қоидаи роҳ вайрон карда мешавад.

XS
SM
MD
LG