Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин иҷлосияи Думаи давлатии Русия


Борис Гризлов, сарвари "Русияи воҳид"

Борис Гризлов, сарвари "Русияи воҳид"

Иҷлосияи нахустини Думаи тозамунтахаби Русияро вакили барандаи ҷоизаи Нобели соли гузашта Жорес Алфёрови 77-сола ифтитоҳ кард.

Бар асоси натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи 2-вуми декабр, 315 курсӣ аз ҷамъи 450 курсии Думаи давлатии Русияро ҳизби ҳокими Русияи воҳид, ки рӯйхати намояндагонаш дар интихоботи ахир бо исми раисиҷумҳури феълӣ Владимир Путин оғоз мешуд, ба даст овард. Боқӣ курсиҳои порлумон байни се ҳизби дигар - ҳизбҳои коммунист, либерал-демократ ва «Русияи боадолат» тақсим шуд.
Ва аммо ташаккулҳои умдаи мухолифини давлат, аз ҷумла Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро ва ҳизби «Яблоко», натавонистанд дар интихоботи рӯзи 2-вуми декабр садди ҳафтдарсадиро убур ва номзадҳои худро вориди Думаи давлатӣ кунанд.
Нақши бартариятии «Русияи воҳид» дар иҷлосияи нахустини Думаи давлатӣ сароҳатан эҳсос мешуд. Борис Гризлов, раҳбари ин ҳизб, ки таййи 4 сол раёсати Думаи қаблиро бар уҳда дошт, дигарбора раиси порлумон интихоб шуд. Дар ҳамин ҳол Олег Морозов, ки муовини аввали ӯ баргузида шуд, низ аз ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» намояндагӣ мекунад. Ҳамин тавр, аз 9 муовини раиси Дума 6 нафараш низ намояндаи ҳизби «Русияи воҳид» буда, раҳбарии 26 кумита аз ҷамъи 32 кумитаи Думаи панҷуми давлатиро низ намояндагони ҳизби ҳоким ба даст оварданд.
Интизор мерафт, ки дар иҷлосияи ифтитоҳии Думаи панҷум раисиҷумҳур Путин ширкат ва суханронӣ кунад, вале як рӯз пеш аз шурӯъи кори порлумон маълум шуд, ки Путин ба далели сахт машғул буданаш дар иҷлосия ширкат нахоҳад кард.
Ин аст, ки дар баробари вакилон ба ивази Владимир Путин сарвазир Виктор Зубков ҳозир шуд. Оқои Зубков бо таъкид ба зарурати ҳамкории танготанг байни мақомоти иҷроия ва Думаи давлатӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳайъати нави порлумон аз ибтикороти ҳукумат ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Виктор Зубков аз ҷумла гуфт: «Мо ҳадафҳои умумӣ дорем. Ин пеш аз ҳама, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, бунёди иқтисоди навин, эҷоди шароите, ки ҳама нерӯҳои инсониро боз кунад, ва, охируламр, таҳкими Русия ба ҳайси яке аз раҳбарони пешсаф дар ҷараёнҳои ҷаҳонии иқтисодиву сиёсист».
Ба назари аҳзоби мухолифи ҳукумати Русия ва нозирони байнулмилалӣ, интихоботи ахири порлумонӣ, ки ҳайъати кунунии Думаи давлатиро сари кор овард, бо фиребкориҳои зиёд ба нафъи ҳизби «Русияи воҳид» сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол кишварҳои Аврупо ва Амрико аз ҳукумати Русия даъват карданд, то шикоёти расида роҷеъ ба мавориди тақаллуб дар ҷараёни интихоботро таҳқиқ кунад.
Аммо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин интихоботи гузаштаро як намунаи хуби баёнгари суботи сиёсӣ дар кишвараш хонда, гуфт, пирӯзии «Русияи воҳид» ба ӯ ҳаққи, ба гуфтаи худаш, маънавӣ медиҳад, ки ҳатто баъди канор рафтанаш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар пайи интихоботи президентии моҳи март ҷои по ва садои худро дар саҳнаи сиёсии Русия ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG