Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози ид дар ҲНИТ


Субҳи барвақти панҷшанбе, 20 декабр. Вақте мо ба қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омадем, гурӯҳе аз маъмурони пулисро дидем, ки акнофи қароргоҳи ин ҳизбро назорат мекарданд. Аммо нафаре аз онҳо ба ҳангоми вуруди одамон барои адои намоз монеъ намегардиданд. Ҳамин тариқ, беш аз 1000 тан аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон намози Иди Қурбонро дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе адо карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ширкати фаъоли намозгузорон, аз ҷумла намозгузорони ҷавон изҳори қаноатмандӣ намуд. Вай гуфт, агар дар таҷлили идҳои қаблӣ нисфе аз ин теъдод намозгузорон ширкат мекарданд, имрӯз шумораи онҳо ба маротиб афзудааст. Аммо оқои Кабирӣ гуфт, рӯзи чоршанбеи 19–уми декабр пулис ва масъулини мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияе, ки идораи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон он ҷо барқарор аст, таҳдид кардаанд, то аз баргузории намози ид дар он ҷо ҷилавгирӣ шавад. Тавре Муҳиддин Кабирӣ баён дошт, ин таҳдид бидуни хушунат ва зӯроварӣ сурат гирифта, танҳо баъд аз тамоси телефонии ӯ бо яке аз мушовирони раисҷумҳури Тоҷикистон ҳалли худро пайдо кардааст:

«Нигаронии мо ин буд, ки тӯли рӯз рафтуомад ва ҳушдорҳои масъулини ноҳия қатъ нашуданд. Билохира маҷбур гардидем, то ба яке аз мушовирони раисҷумҳур тамос гирем. Онҳо гуфтанд, ки аз боло чунин дастуроте нест ва ин танҳо ибтикори мақомоти маҳаллист. Ин бино - бинои Ҳизби наҳзат аст. Ҳамон тавре, ки ду ракъат намозро дар манзили худ мехонем, дар ин ҷо низ ҳаққи хондани ҳамин гуна намозро дорем».


Иди Қурбон дар Душанбе

Аксҳо аз таҷлили Иди Қурбон дар Душанбе

Иди Қурбон дар Маскав

Гуфта мешавад, маъмулан дар ҳар ҷашну маросими динӣ, шурӯъ аз соли 1999 замони барҳаёт будани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ дар бошгоҳи марказӣ ҷамъ омада, намоз мегузоранд. Ба таъкиди Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чунин эҷоди мавонеъ дар роҳи гузоридани намоз аз суи мақомоти маҳаллӣ ҳушдор барои фаъолияти минбаъдаи ин ҳизби динӣ ҳастанд. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, аслан чунин маросими намозгузорӣ дар идгоҳ бояд адо шавад. Аммо ба иллати он ки масҷидҳои бузурги Тоҷикистон куллия намозгузоронро наметавонанд дар худ ҷой бидиҳанд, онҳо ночор дар қароргоҳи ҳизб ҷамъ омада, ин намозро адо мекунанд. Вай мегӯяд, таҳдид барои ҷилавгирӣ аз адои намози ид дар қароргоҳи марказии ҳизб ба дунболи манъи навҷавонон ба масоҷиди ҷомеъ, манъи ҳиҷобпӯшон дар макотиб ва тахриби масоҷиди панҷвақта дар Душанбе дар тӯли як соли ахир гирифта шуд, ки дар маҷмӯъ онро оқои Қусайнӣ мубориза алайҳи ислом унвон мекунад.

Дар маҷмӯъ, 97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва рӯзҳои баргузории Иди Қурбон ва Иди Фитр, ду иди умдаи мусалмонон, пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 рӯзҳои таътил эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG