Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар сафар аз тими мизбон – Уммон бо натиҷаи 2 бар 4 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шоми якшанбеи 16-уми декабр дар маҷмаъаи варзишии Султон Қобуси шаҳри Масқат баргузор шуд.

Нахуст футболбози тоҷик Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 26-уми дидор ҳисобро боз кард. Вале пас аз ҳашт дақиқа бозигари тими Уммон Муҳаммад Тақӣ ҳисобро баробар намуд. Баъдан узви дастаи меҳмон Самад Шоҳзуҳуров дар дақиқаи 47-ум тӯбро вориди дарвозаи мизбонон кард ва қисми аввали бозӣ ба нафъи Тоҷикистон хотима ёфт.

Ва аммо қисми дуввуми бозӣ бо бартарии комили соҳибони майдон сурат гирифт ва онҳо ба дарвозаи рақибони худ се тӯб зада, бозиро бо натиҷаи 4:2 ба фоидаи худ анҷом доданд. Се голи дигарро Муҳаммад Тақӣ дар дақиқаи 51-ум, Абдул Маъдӣ дар дақиқаи 67-ум ва Ҳасан Зоҳир як дақиқа қабл аз хотимаи бозӣ ба самар расонданд.

Бояд тазаккур дод, ки бозии дӯстона барои тими миллии Уммон як марҳилаи омодагӣ ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010, ки 6-уми феврали соли 2008 шурӯъ мешавад, маҳсуб меёфт. Дастаи Уммон дар гурӯҳи дуввум бо тимҳои миллии Ҷопон, Баҳрайн ва Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба давраи ниҳоӣ рақобат хоҳад кард.

Тими миллии Тоҷикистон, ки аз ҳаққи ширкат дар сабқати интихобии гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум гаштааст, моҳи марти соли оянда дар Тайланд дар дуввумин давраи Ҷоми даъвати AFC – Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG