Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи лавҳаи ёдбуди сарбозони қазоқ дар Душанбе


Имрӯз дар боғи Дӯстии халқҳо дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ёдбуди сарбозони қазоқ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ба ҳалокат расида буданд (50 нафар), лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Дар лавҳи ёдгорӣ, ки дар шакли як китоби бузурги сангин офарида шудааст, асомии ин аскарон навишта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳангоме ки як қисми таҳлилгарону коршиносони тоҷик ҳузури сарбозони қазоқро, чун дигар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа, дар он солҳо дар Тоҷикистон зарур меҳисобанд, як иддаи таҳлилгарону коршиносон ҳузури ин нерӯҳо дар ин кишварро на ҳамеша мусбат арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумла Илҳом Назриев, як коршиноси мустақили масоили низомӣ, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки, воқиъан, дар солҳои аввали мураккаби 90-уми асри гузашта ҳукумати Тоҷикистон зарур дониста буд, ки ҷиҳати кумак дар таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа ёрӣ дархост кунад, аммо ҳузури ин нерӯҳо, аз ҷумла нерӯҳои низомии Қазоқистон, дар баъзе аз маворид манфӣ ҳам буд.
Гуфта мешавад, ҳанӯз 23-вуми декабри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Қазоқистон тасмим гирифта шуд, ки 100 нафар сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба қисмати Қалъаи хумби марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фиристода шавд. Баъди ин то моҳи августи соли 1999 дар маҷсӯъ ҳудуди ду ҳазор аскари қазоқистонӣ дар ҳайъати 20 рота дар ин қисмати ҳассоси марз вазоифи низомиро адо намуданд.
XS
SM
MD
LG