Пайвандҳои дастрасӣ

Дар миёнаҳои ноябр аъзо ва пуштибонони Федератсиюни байнулмилалии Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар дар рӯзи 25-солагии таъсиси худ дар пойтахти Финландия гирди ҳам омаданд.

Ва аммо сабаби ин ҳамоиш на таҷлили зодрӯзи ин созмони бонуфузи мудофеъи ҳуқуқи башар, балки баррасии моҷарои бесобиқа атрофи ришват дар ҳайати ин созмон будааст. Қисса ин ки як мудири собиқи молии ин созмон эътироф кардааст, ки ҳудудан 1,2 миллион евро, муодили 2 миллилон доллари ин ташкилотро ба яғмо бурда, бо ин амали худ буҷаи куллии ин созмонро касод кардааст. Ин ҳодиса моҳи сентябр аён шуд, аммо дуздии тадриҷии пули ин созмон солҳои зиёд ба таври пинҳонӣ сурат гирифтааст.

Ҳолли Картнер, як фаъоли созмони Ҳюман Райтс Вотч, ки Кумитаи иҷроияи Федератсиюни байналмилалии Ҳелсинки мебошад, гуфт, кумитаи иҷроия ва як идда пуштибонони дигари ин созмон ҳама талошашонро ба харҷ доданд, ки роҳҳале барои фаъолияти минбаъдаи Федератсиюн пайдо шавад. Аммо, муттаассифона, мо маблағи заруриро пайдо накардем, ки барои пардохти қарзҳои ин созмон равона шавад ва дар натиҷа Федератсиюни байналмилалии Ҳелсинки худро касодшуда эълон кард.

Дафъатан баъди моҷаро хазинадор, президент, муъовини президент ва масъули кумитаи иҷроияи ин созмон ба истеъфо мераванд. Дафтари ин созмон дар Вена ҳам дарҳои худро баста ҳама моликияти мансуб ба ин муассисаи маъруфтарини мудофеъи ҳуқуқи башар ба фурӯш гузошта мешавад. Дар ҳоле, ки созмонҳои ҳамкор ва ё вобастаи он, мисли Гурӯҳи маскавии федератсиюни Ҳелсинки, мегӯянд, ба кор ва буҷаи онҳо басташавии ин созмони бонуфуз таъсир нахоҳад гузошт, аз нигоҳи таҳлилгарон, моҷарои марбут ба фасод дар ин ташкилот метавонад ба обурӯ ва талошҳои дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар таъсири манфӣ расонад.

Яке аз чунин андешаҳо ин аст, ки акнун мақомоти Русияву ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ин ҳодиса истифода карда, фишор ва саркӯби озодии баён ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро дар кишвар шиддат мебахшанд. Аммо бархе дигар аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Русияву Беларус гуфтанд, ки хушбин ҳастанд ва дар фаъолияти онҳо ин ҳодиса ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG