Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе аз хабарнигорони нашрияҳои «Азия-плюс» ва «Фараж» шикоят бурдааст.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ зимни ирсоли як нома ба ин нашрияҳо хабар додааст, ки дар матлаби Саида Қурбонова ва Рамзия Мирзобекова, хабарнигорони ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Азия-плюс» шахсияти Назаралӣ Саидов, лейтенанти милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, таҳқир ёфтааст. Дар нома омадааст, хабарнигорон, ки дар бораи Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон», мавод таҳия намудаанд, аз забони ҳамкасби хеш дар мавриди афсари милиса маълумоти бардурӯғ нашр кардаанд ва ба ҳамин минвол мӯҷиби коҳиши обрӯйи ӯ тариқи расонаҳо шудаанд.

Қаблан нашрияҳои «Азия-плюс» ва «Фараж» дар саҳифаҳои худ аз ҳодисае, ки бо Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 4 октябр ҳангоми нишасти сарони кишварҳои ИДМ рух дода буд, мавод нашр карданд. Нашрияҳо ба нақли қавл аз хабарнигор овардаанд, афсари милиса Назаралӣ Саидов дар кӯча Муҳаммадалии Мақсадуллоҳро, ки ҳамчун хабарнигор дар пайи омодагӣ ба ширкат дар нишасти сарони ИДМ буд, бо алфози қабеҳ дашном додааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ оқои Мақсадуллоҳ гуфт, аз ин рафтори афсари милиса ба додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурд ва дар навбати худ додситонӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе тақозо кард, ки алайҳи афсари милиса тадбирҳои интизомӣ дида шавад. Оқои Мақсадуллоҳ гуфт, ба ӯ маълум нест, ки то ҳол чӣ тадбир дида шудааст. Вай афзуд, «ин ки афсари милиса аз ман ба додгоҳ шикоят бурдааст, бозгӯйи аз он мекунад, онҳо на фақат тадбир наандешидаанд, балки маро ба додгоҳ кашанд».

Дар ҳамин ҳол, дар аризаи шикоятиаш Назаралӣ Саидов, афсари милиса, аз додгоҳ хостааст тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи рӯзноманигорон ва нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба унвони ҷуброни зарари маънавӣ аз онҳо 350 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 100 ҳазор доллари амрикоӣ, ситонида шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG