Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омбудсмен дар Тоҷикистон чи гуна ташкил мешавад?


Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон набуди ҳамкории ҳукумати кишвар бо ин созмонҳо дар раванди таҳия ва ислоҳи қонунҳоро як далели ба таври густарда нақз шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар арзёбӣ карданд.

Нигина Баҳриева, раиси созмони ғайридавлатии «Дифоъ аз ҳуқуқи башар» дар Тоҷикистон, аз он изҳори таассуф кард, ки ҳукумат танҳо баъди қабули қонунҳо онҳоро огаҳ месозад. Ба иддаои ӯ, баъди судури қавонин танҳо коре, ки созмонҳои ғайридавлатӣ анҷом дода метавонанд, ин аст, ки назароти интиқодии худро тавассути матбуот ва ё ҳамоише баён кунанд. Хонум Баҳриева аз сӯи ҳукумат таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи қонун дар бораи фаъолияти Институти миллии ҳуқуқи башар ва ё Омбудсменро мисол овард, ки бидуни ширкати намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ сурат мегирад: «Бо таваҷҷуҳ ба онки ин институт метавонад як пули асосии иртиботӣ миёни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомиъаи маданӣ шавад, мо алоқамандем, ки дар ҷараёни таъсиси он ширкати бевосита дошта бошем. Аммо, муттассифона, то ҳамин лаҳза коре, ки созмонҳои ғайридавлатии ҳимоят аз ҳуқуқи башар анҷом додаанд, ирсоли як нома ба унвони раиси гурӯҳи корӣ ба манзури ҷалби намояндагони мо дар кори ташкили он аст, вале то ҳанӯз ҳеҷ гуна посух дарёфт накардаем».
Ба қавли хонум Баҳриева, таъсиси Институти ҳуқуқи башар ё Омбудсмен,ки мустақим бо масоили ҳуқуқи башар сарукор хоҳад дошт, танҳо барномае нест, ки мақомот аз ҷалби ҷомиъаи маданӣ дар раванди он сарфи назар кардааст. Ӯ мегӯяд, аз ҷумла дар таҳияи тарҳи чандин лоиҳаи қавонин ва барномаҳо дар бораи ислоҳоти низоми додгоҳӣ ва тарҳи қонун дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ мақомот ширкати созмонҳои ғайридавлатиро амдан таъмин накарданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон аксари конвенсиюнҳои байнулмилалии мушаххаскунандаи мақом ва ҷойгоҳи созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар таҳияи қавонини миллӣ ва байнулмилалиро эътироф кардааст.
Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Шарифова, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, бо радди даъвои намояндаи созмони ғайридавлатии «Дифоъ аз ҳуқуқи башар» гуфт, ки ниҳодҳои ҷомиъаи маданӣ дар таҳия ва қабули қонун ширкат мекунанд. Вай ба унвони мисол аз муҳокимаи тарҳи қонун дар бораи анъана ва марсимҳо ном бурд, ки тавассути расонаҳо ва мардум қабул гардидааст.
Дар робита ба сарфи назар кардани ширкати созмонҳои ғайридавлатӣ дар таъсиси Институти миллии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хонум Шарифова гуфт, ки ҳоло нусхаи аввалияи тарҳи қонун дар бораи ҳуқуқи башар дар ҳоли таҳия шудан аст ва ба муҷарради омода шудан дар нишаст ва ҳамоишҳо дастраси созмонҳои ғайридавлатӣ хоҳад шуд. Дуруст ҳамон нусхаи тарҳеро,ки созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд дар кори таҳия ва омодасозии он ширкат дошта бошанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG