Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши нави "Тройка" дар бораи Косово


Намояндагони Русия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳини баррасии мавзуъи Косово

Намояндагони Русия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳини баррасии мавзуъи Косово

Рузи душанбе, 10 декабр, намояндагони Русия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, ки бо номи «Тройка» шинохта шудаанд, бояд гузориши худ дар бораи натиҷаҳои музокирот дар бораи Косоворо ба Дабири кулли СММ пешниҳод кунанд.

Ин бад-он маънист, ки талошҳои ноустувор ва номуваффақи Белгрод ва Приштина барои ҳалли мустақилонаи буҳрони Косово ба таври расмӣ ба поён мерасад. Музокироти миёни ҷонибҳо зери назари СММ анҷом мегирифт. Ҳукумати Сербистон, ки аз тарафи Руссия ҷонибдорӣ мешавад, борҳо дархост кардааст, ки муҳлати музокирот тамдид шавад. Белгрод - пойтахти Сербистон мухолифи истиқлоли Косовост ва пешниҳод мекунад, ба Косово на истиқлол, балки мақоми худмухторӣ дода шавад ва он ба Сербистон итоъат кунад.

Аммо албанитаборони Косово ин пешниҳодро рад мекунанд. Зоҳиран онҳо аз кишварҳои зиёди ғарбӣ барои ҳимоят аз барномаҳои худ паёмҳои ҷиддӣ дарёфт кардаанд. Ҳошим Тоҷӣ, ҷангсолори собиқ, ки қарор аст, нахуствазири ояндаи Косово шавад, дар ин бора моҳе қабл гуфта буд, мо ба дастури рӯзи байналмиллалӣ эҳтиром дорем ва баъд аз 10 декабр бо ҳамкории Вошингтону Бруксел Косово дар бораи истиқлоли худ тасмим мегирад. Вай афзуд, Косово бидуни ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони худ, яъне Вошингтону Бруксел коре нахоҳад кард.

Ҳошим Тоҷӣ дар интихоботи аввали моҳи ноябр барои дарёфти симати нахуствазирии Косово пирузӣ ба даст овард. Ҳоло масъалае, ки мардуми Косово дар бораи он фикр мекунанд, ин аст, ки эъломияи истиқлоли худро дар чӣ рӯзе нашр кунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки ба чунин эъломия Сербистон ва шаш дарсад сербҳои сокини Косово чӣ посух хоҳанд дод. Арбана Видишиқӣ, мудири дафтари бахши забонҳои Словакии ҷанубӣ ва Албанӣ, гуфт, ҳар ду ҷониб, яъне ҳам Косово ва ҳам Сербистон, медонанд, ки масъалаи Косово ба марҳалаи ниҳоии ҳали худ наздик шудааст.

Вай афзуд, ин ба гузориши 10 декабр бастагӣ дорад. Ишораҳое мушоҳида мешавад, ки Приштина дар ҳамон рӯз ё рӯзи баъд дар бораи истиқлол тасмими худро эълон мекунад ва сербҳои шимол хоҳанд гуфт, ки дар чӣ ҷомеъае зиндагӣ хоҳанд кард. Як рӯз пеш Шӯрои Миллии Сербистон, ки яке аз ниҳодҳои муҳофизакори сиёсатмадорони Сербистон аст, хост, ки дар сурати нашри эъломияи истиқлол Сербистон басиҷ шавад. Видишиқӣ гуфт, «вақте, ки ман басиҷ ё сафарбарӣ мегуям, сафарбарии мусаллаҳонаро дар назар дорам».

Ба гуфтаи Видишиқӣ, мақомоти расмии Приштина бояд то миёнаи моҳи декабр, он гуна, ки қавл додаанд, истиқлоли худро эълон кунанд. Шурои Амнияти СММ иҷлоси навбатии худро 19-уми декабр баргузор мекунад ва қарор аст дар ин иҷлос гузориши Тройка, яъне Руссияву Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи Косово баррасӣ шавад. Дар мулоқоти 7 декабри вазирони хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО дар Бруксел Дэвид Миллибанд, вазири хориҷаи Бритонё, дар бораи нақш ва мақоми Косово дар Аврупо ин гуна изҳори назар кард, ки ин ҳавзаи нуфузи Аврупост. Кишварҳои Аврупоӣ ва Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба масъалаи Косово бояд нақши калилдии худро нишон диҳанд, зеро мо арзиши нокомии Аврупоро дар миёнаи солҳои 90-ум барои кишварҳои Болкони ғарбӣ медонем, ки натавонист нақши калидиро бозӣ кунад, афзуд ӯ.

Аз сӯи дигар, вазири хориҷаи Сербистон дар як мусоҳибае, ки 7 декабр чоп шуд, аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки музокирот роҷеъ ба сарнавишти ояндаи Косово идома ёбад. Вазири хориҷаи Сербистон гуфтааст, ҳеҷ гоҳ аз истиқлоли худ сарфи назар нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG