Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавнони тоҷик дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии фарангӣ ё юнонию римӣ дар шаҳри Бишкек ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ барои гиромидошти хотираи устоди варзидаи гуштӣ Муродбек Санатбоев бо ширкати варзишгарони 9 кишвар баргузор шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Мурод Тӯйчиев дар вазни мутлақ бар рақибони худ аз Қазоқистону Узбакистон дастболо шуда, дар сабқати ниҳоӣ аз гуштигири қирғиз шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Шодӣ Баҳромов дар рақобатҳо дар вазни 120 кг барои дарёфти медали биринҷӣ бар намояндаи Қазоқистон ғалаба кард.

XS
SM
MD
LG