Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Степашин "Сангтуда-1"-ро тафтиш кард


Сергей Степашин, раиси палатаи муҳосиботии Русия
Сергей Степашин, раиси палатаи муҳосиботии Русия

Мақомоти палатаи муҳосиботи Русия ва Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълон доштанд, ки камбуд ва сирқати севуним ҳазор тонна сементи барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» муайяншуда аз ду масъули маркази муҳандисии ширкати РАО ЕЭС-и Русия тақозо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси палатаи муҳосиботии Русия Сергей Степашин, феълан ин афрод аз вазифа ва ширкат дар бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» барканор шудаанд. С. Степашин, ки рӯзи панҷшанбе, 6 декабр, пас аз нишасти муштарак бо Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат кард, гуфт, дар ҷараёни боздид аз сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба чаҳор камбуди қаблан дар ин сохтмон кашфшуда таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст ва ҳамаи онҳо ислоҳ гаштаанд.

Вай афзуд, яке аз ин масоил марбут ба семент мебошад, ки анҷоми саривақтии тарҳи «Сангтуда -1»-ро тақрибан зери суол гузошта буд. Масъалаи дуввум марбути маркази муҳандисӣ мебошад ва дар бастагӣ мо ширкати РАО ЕЭС-ро сахт ҳушдор додем ва онҳо ин ширкати муҳандисиро аз иштирок дар ин тарҳ барканор намуданд. Саввум масъалаи пардохти ҳақулзаҳмати кормандони сохтмони нерӯгоҳ буд, ки ҳалли худро пайдо кардааст.

Сергей Степашин иброз дошт, ки масъалаи ҳисобу китоби харҷи маблағҳои тарҳ ҳанӯз боқист ва ин масаъалаи баррасии чанде аз арқом миёни ҷониби Тоҷикистону Русия аст. Вай гуфт, мо дар нишасти муштарак дар назди мақомоти ҳар ду кишвар ин масъаларо гузоштем ва то 21 декабри соли ҷорӣ, рӯзи ифтитоҳи нахустин агрегати «Сантӯда-1» ин мушкил бояд ҳалли худро пайдо намояд.

Ин дар ҳолест, ки ба дунболи афзоиши қимати маҳсулоти корхонаи тавлидоти сементи Душанбе, ки аз воридкунандагони аслии семент ба сохтмони нерӯгоҳи «Сантӯда-1» аст, арзиши тарҳи «Сагтӯда-1» тақрибан 30 миллион доллар боло мерафтааст. Зеро агар қаблан корхонаи тавлидоти семент, як тонна сементро тақрибан 80 доллар ба фурӯш мебаровард, феълан арзиши он барои сохтмони нерӯгоҳи «Сантӯда-1»-ро бештар аз 150 муқаррар кардааст.

Дар ҳамин ҳол миёни палатаи муҳосиботии Русия ва Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодкории Тоҷикистон қарордоди ҳамкориҳо ба тасвиб расид, ки як бахши аслии он идомаи назорат бар истифодаи сармоя дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мебошад. Ҳамчунин як бахши дигари ин ҳамкорӣ назорат бар мақомоти муҳоҷиратии ин ду кишвар будааст.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, гуфт, мо тибқи ин мувофиқа дар ҳар тарҳ ва идорае, ки маблағҳои муштарак аз буҷаи ин ду кишвар мавриди истифода қарор дорад, мо назоратро идома хоҳем дод. Шерхон Салимзода афзуд, ҳамкориҳои мо бо палатаи муҳосиботи Русия дар қабл ҳам вуҷуд дошт, аммо ман бар инам, ки санади имрӯз ба тасвибрасида самтҳои нави ҳамкориии ин ду мақомоти назорати моливиро мушаххас мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин баъд аз рӯзи панҷшанбе, 6 декабр, дар мулоқоти Сергей Степашин бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи идомаи ҳамкориҳои кишвараш дар бахши тарҳҳои энержии обӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ва дар ин мулоқот инчунин гуфта шудааст, ки шурӯъи ҳамкориҳои мустақими палатаи муҳосиботии Русия бо Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон далели муборизаҳои муштараки мақомоти ин ду кишвар ба ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG