Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" чӣ созмонест?


Абдуллоҳи Сатторӣ

Абдуллоҳи Сатторӣ

Панҷуми ноябр дар Маскав анҷумани тоҷикистониёни Русия баргузор шуд. Дар он созмони наве бо номи "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" ташкил шуд. Бо вуҷуди ин, ки то ҳол дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар созмонҳои худҷуши иҷтимоъӣ ё фарҳангии тоҷикон фаъолият мекард, вале созмондиҳандагони он 5-уми ноябр дар ин анҷуман эълон карданд, ки дар иттиҳодияи нав аксари чунин созмонҳои тоҷикон намояндагӣ мекунанд.

Ширкаткунандагони анҷуман Абдуллоҳ Сатторӣ (Давлатов)-ро раиси иттиҳодия интихоб карданд. Мо дар як суҳбати ихтисосӣ нахуст аз оқои Сатторӣ пурсидем, дар як кишвари хориҷӣ то чӣ андоза ташкили чунин созмони тоҷикон заминаҳои қонунӣ дорад?

Ҷавоб: Тибқи қонунҳои Руссия чунин созмонҳо бояд сабти ном шаванд. Мо 5-уми ноябр анҷумани муассиси худро баргузор кардем ва тибқи қонун дар давоми се моҳ бояд ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ном омода кунем.

Суол: Ҳадафҳои аслии ин иттиҳодия аз чӣ иборат аст?

Ҷавоб: Аввалан ҳадаф ин аст, ки маданияту фарҳанги Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар Русия муаррифӣ кунем, то мардуми рус ва мардумони дигари муқими ин кишвар донанд, ки дар Русия тоҷикон ҳам ҳастанд ва маданияти тоҷикон низ ҳаст. Ҳадафи дигар ҷонибдорӣ аз забон, фарҳанг ва маданияти тоҷикон аст. Чун бо амри таърих ҳоло бисёр муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳастанд, мо албатта аз онҳо ҳам пуштибонӣ кунем, пуштибонии ҳуқуқӣ, иҷтимоъӣ. Мақсаду мароми иттиҳодияи мо аслан аз ҳамин иборат аст.

Суол: Чун иттиҳодияи шумо дар Маскав ташкил шуд ва Русия кишвари паҳновар аст ва тоҷикон дар манотиқи мухталифи Русия кору зиндагӣ мекунанд, оё шумо имкон доред, ки дар манотиқи мухталиф аз муҳоҷирони кории тоҷик ҳимоят кунед?

Ҷавоб: Иттиҳодияи мо созмони умумирусиягӣ аст. Дар шаҳрҳои зиёди Русия дар Калининград, Карасноярск, Самара, Оренбург, Перм, Удмуртия, дар Саха-Якутия, Санкт-Петербург, Рязан, Твер ва Ярославл. Хулоса, дар 44 минтақаи Русия ҳамин гуна созмонҳои тоҷикон ҳастанд ва ин созмонҳо бо ҳам муттаҳид шуданд. Бе муттаҳидшавӣ ҳам ин созмонҳо дар бисёр ҷойҳо бисёр корҳои хуб анҷом медиҳанд, аз мардуми мо, аз фарҳанги мо ҳимоят мекунанд. Якҷояшавии мо ин аст, ки якҷоя кор боз ҳам беҳтар мешавад. Мо ба якдигар маълумот медиҳем то пайваста ва мустақим бо ҳам муносибат ва иртибот дошта бошем.

Суол: Оё созмонҳои шумо дар минтақаҳо ва ё иттиҳодияи шумо дар Маскав бо ниҳодҳои маҳаллии Русия ва мақомоти маҳаллии он иртибот доред ва ҳамкорӣ мекунед, то мушкилоте, ки бо муҳоҷирон пеш меояд, аз ин роҳ ҳал шавад?

Ҷавоб: Мо, албатта, бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорем ва вазифаи аслии ин созмон ҳам ҳамин аст, ки барои ҳали мушкилот робита барқарор кунем, масалан, баъд аз анҷумани мо аз порлумони Русия, аз вазорати дохилаи ин кишвар занг заданд ва нома фиристоданд, ки мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд. Аз пулиси Маскав ва созмонҳои миллатҳои дигар ба мо занг заданд. Аз шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки дар таҳияи қонунҳо, баргузор кардани ҷашнҳои миллӣ, масалан Навруз, бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Дар минтақаҳо ҳам бо мо ҳамкорӣ мекунанд.

Суол: Ва бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар қаламрави Русия чӣ тавр, масалан, бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ва агар консулгариҳо ҳастанд дар манотиқи дигар?

Ҷавоб: Мо агар бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия ҳастанд, ҳамкорӣ накунем, кумак кардани мо ба муҳоҷирон мушкил мешавад. Аз замоне, ки сафири нав омадааст, дар ҳамкориҳои мо беҳбудӣ мушоҳида мешавад. Мехоҳем, ки дар оянда ҳам ҳамин хел ҳамкорӣ бошад.

Суол: Оқои Сатторӣ, медонед, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик аз Тоҷикистон ба таври худҷӯш меоянд, бидуни он ки бо ниҳодҳои давлатӣ дар тамос шаванд. Ба ин хотир, онҳо баъд аз омадан ба Русия дар гирифтани қарордоди корӣ, сабти ном ва амсоли он ба мушкил гирифтор мешаванд. Дар натиҷа худи онҳо бо пулис мушкил пайдо мекунанд, ғайриқонунӣ будани онҳо ошкор мешавад. Оё дар ҳамин замина ҳам иттиҳодияи шумо корҳое хоҳад кард, то ин мушкил пеш наояд ва ба муҳоҷирини тоҷик кумаке шавад?

Ҷавоб: Дар ҳақиқат ҳам ин яке аз мушкилиҳост. Ҳоло як хубии кор ин аст, ки мо бо намояндаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури муҳоҷират як мулоқот доштем ва барномаҳое, ки ҳоло ҳаст кушиш мекунем ҳар чӣ зудтар ва хубтар онҳоро амалӣ мекунем. Ҳоло дар Тоҷикистон коллеҷҳо ташкил шудааст ва муҳоҷиронеро, ки ба Русия меоянд, касб меомузонанд ва забони русӣ меомузонанд. Мо бисёр мехоҳем, ки онҳо бо мо ҳамкорӣ кунанд, то пеш аз омадани онҳо мо маълумот дошта бошем ва мушкили онҳоро ҳал кунем.

Суол: Оё имкони ташкили мулоқот бо муҳоҷирон дар минтақаҳо вуҷуд дорад, то ки онҳо дар ин гуна мулоқотҳо аз ҳуқуқи худ огаҳ шаванд ва битавонанд аз худ дифоъ кунанд?

Ҷавоб: Рости гап, мушкилоти зиёд дар ҳамин Маскав аст. Созмонҳои тоҷикону тоҷикистониёне, ки дар минтақаҳо ҳастанд, беҳтар кор мекунанд. Ҳарчанд ман дар Маскав ҳастам, эътироф мекунам, ки дар минтақаҳо вазъ хеле хубтар аст нисбат ба Маскав. Хуб, Маскав Маскав аст...

Суол: Оё бо созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ ҳамкорӣ мекунед?

Ҷавоб: Чизе, ки дар чаҳорчубаи қонунҳои Русия ҳаст, ба мо касе халал намерасонад ва мо ҳамкорӣ мекунем. Масалан, бо созмони ҷаҳонии муҳоҷират, бо созмони ҷаҳонии кор ва созмонҳои дигари байналмиллалӣ дар чаҳорчубаи қонунҳои Русия ҳамкорӣ мекунем ва онҳо ба мо кумак ҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG