Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 6-уми декабр, ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ба табъ расиданд. Мавзӯъи матолиби умдаи онҳо чист?

Аксари нашрияҳои муҳимми ин ҳафтаи чопи Душанбе аслан ду мавзӯъро ба баррасӣ гирифтаанд. Яке суханони Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон, аст, ки ба баҳонаи он боз ҳам ба мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи Роғун пардохтаанд. Тарҳи ислоҳи Қонуни замин дар Тоҷикистон ва пайомади он мавзӯъи умдаи дигари ин ҳафтаи нашрияҳост.
«Нигоҳ», ҳафтаномаи сиёсӣ ва иттилоотӣ, менависад, ки суханони сафири Русия дар хусуси сарфи назар кардани кишвараш аз ширкат дар консорсиюми бунёди НБО-и «Роғун» фишори бевосита ба ҳукумати Тоҷикистон аст. Аммо ин нашрия дар баробари хостаҳои Русия кӯтоҳ омаданро бар зиёни манофеъи Тоҷикистон медонад ва суъол медиҳад, ки дар сурати ба дасти Русия афтодани аксари пружаҳои муҳимми иқтисодии Тоҷикистон кӣ аз лиҳози сиёсӣ низ дубора пойбанди Русия нашудани кишварро кафолат медиҳад.
«Миллат», ҳафтаномаи дигари таҳлилӣ ва сиёсӣ, дар ҳамин замина дар саҳифаи нахустини худ мусоҳибаи иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷабборро таҳти унвони «Роғунро бидуни Русия низ метавон сохт» нашр кардааст. Ин таҳлилгар гуфтааст, ки Тоҷикистон дар сохтмони Роғун бояд дигар ба умеди Русия набошад ва, агар Русия мехоҳад таҳти шароити ба даст овардани саҳмияҳои «Роғун» чун «Сангтӯда» дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм бигирад, ҳукумат бояд чунин пешниҳодеро сарфи назар кунад.
«Asia-Plus», нашрияи русизабони хабарӣ ва сиёсӣ, аз баррасии тарҳи ислоҳоти Қонуни замин дар раёсати Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад ва менависад, дар ҳоле ки Қонуни асосӣ заминро моликияти истисноии давлат эълон карда ва хариду фурӯши онро мамнӯъ эълом кардааст, имкон дорад, ки дар ояндаи наздик замин дар Тоҷикистон ба як воситаи муомила ё хариду фурӯш қарор бигирад. Нашрия навиштааст, аммо бо ворид кардани ислоҳот ба қонунгузорӣ бархе доираҳо манфиатдоранд, ки заминро ба бозори муомилот ворид кунанд. Ин нерӯҳо, ба бовари ҳафтанома, мехоҳанд тавасути ба гарав мондани шаҳодатномаи замин гирифтани қарзи бонгкиро ба ҳукми қонун дароранд. Аммо навиштааст ин нашрия аз қавли коршиносон, дар сурати тасвиби ин тарҳ низ дер ё зуд дубора ба бознигарии он бар хоҳем гашт.
Нашрияи русизабони «Собития» аз қавли Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, навиштааст, ки тарҳи низомномаи додани қарз ба воҳидҳои кишоварзӣ омода гардидааст ва он бояд ҳарчи зудтар тасдиқ ва иҷро шавад. Яъне додани қарз ба воҳидҳои кишоварзӣ бар ивази гузоштани шаҳодатномаи замин ба гарав дар бонкҳоро.
XS
SM
MD
LG