Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сир, оби ту олуда шуд…


Сир – бузургтарин рӯди Осиёи Марказӣ аз ҳазорон сол қабл монанди шаҳраг дар ҷисми ин минтақа ҷорӣ мешавад. Дар рӯзҳои мо ҳам, ки қаламравҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои равуои озоди шаҳрвандон ва нақлиёти якдигар бо симхор ва дарвозаҳо баста шудаанд, рӯди Сир ҳамоно бемамониат хати марзҳоро убур мекунад ва мисли ресмони нилобӣ марзҳову қаламравҳоро ба ҳам мепайвандад.

Рӯди Сир аз қаторкӯҳи Тёншони Қирғизистон сарчашма мегирад бо номҳои Норин ва Қародарё. Ин ду рӯд дар минтақаи Водии Фарғона ба ҳам омада, ба худ номи Сир мегирад. Ба гуфтаи Мунир Хоҷаев, устоди факултаи фанҳои табиийи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯди Сир аз сарчашмааш то баҳри Арал беш аз 3 ҳазор километр дарозӣ дорад ва дар беш аз 200 киламетри он аз байни минтақаи Суғди Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Вай меафзояд, ҳаҷми оби Сир 219 километри мураббаъ мебошад.

Дар гузаштаи начандон дур, то солҳои панҷоҳуми асри бист одамон бемалол аз оби Сир менӯшиданд. Аммо баъд корхонаҳои саноатӣ партобҳои худро бидуни таҷзия ба оби ин рӯди бузург равон карданд, дар натиҷа оби он олуда ва нопок гардид. Акнун ба таркиби оби Сир то 100 тон навъҳои гуногуни моддаҳои зарарнок ва заҳрдоруҳо омезиш ёфтаанд, ки истифода ва нӯшидани он на танҳо барои одамон, балки барои рустаниҳо низ раво нест.

Зимнан ба иллати нопокӣ оби Сир комилан барои нӯшидан мавриди истифода қарор намегирад, дар ҳоле ки аҳолии шаҳрҳои канори он дар Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, шадидан аз оби тозаи нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Боз ҳам ба иллати нопокӣ теъдоди хеле ками одамон дар фасли гармо ҷуръати дар рӯди Сир шиноварӣ мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисин, дар рӯзҳои мо захоири бузурги оби Сир ба ҳайси рӯди фаромарзӣ аз ҷониби чаҳор кишвари Осиёи Марказии канори ҳавзаи он умдатан барои обёрии заминҳо мавриди истифода мешавад.

Абдулатиф Ҳомидов, муъовини аввали раиси Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд, гуфт, ҳаҷми оби рӯдхонаи Сир 2 миллиард метри мукаъаб мебошад ва тақсими он дар салоҳияти як комиссияи вижаи байнулмилалии ҳамоҳангсоз, иборат аз намояндагони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Қазоқистон вогузор шудааст. Ӯ афзуд, аз захоири обии Сир 8-9 дарсадро Тоҷикистон, як дарсад - Қирғизистон ва наздики 50 дарсадӣ Узбакистон ва Қазоқистон барои обшор кардани заминҳои кишт мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи мутахассисин, кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Сир дар он наздики бист обанбор сохтаанд, ки танҳо як адади он – обанбори Қайроқум дар вилояти Суғди Тоҷикистон воқеъ мебошад. Аммо ба гуфтаи Абдулатиф Ҳомидов, муъовини аввали раиси Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд, аз он Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишт баҳра намебардорад. Вай гуфт, ба мо танҳо аз нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум фоида мерасаду халос. Аз оби обанбор тақрибан пурра Узбакистон ва Қазоқистон истифода мекунанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум дар ҳоли кунунӣ ягона манбаъи таъмини барқ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон бо иқтидори беш аз ду ним милиён киловатт соат дар шабонарӯз барқ тавлид мекунад. Ин нерӯгоҳ дар ҳоле, ки рӯди Сир аз сӯи бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон барои Тоҷикистон дорои аҳамияти баланди иқтисодиву сиёсӣ хонда мешавад, дар ҳоли ҳозир баҳраи умдаест, ки Тоҷикистон тавонистааст аз рӯдхонаи Сир ҳосил кунад.

XS
SM
MD
LG