Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар номаи ба унвони ширкати «Тоҷикгаз» ирсолшудаи ширкати «Узтрансгаз» нархи мушаххасе барои гози содиротӣ ба Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст.

Аммо ба таъйиди Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз», мақомоти Узбакистон дар ин нома таъкид кардаанд, ки дар робита бо афзоиши баҳои газ дар бозори ҷаҳонӣ қимати фурӯшии он ба Тоҷикистон низ боло карда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз Тоҷикистон барои ҳар як ҳазор метри мукааб гази табиъӣ ба Узбакистон сад доллар мепардохт.
Раиси ширкати «Тоҷикгаз» ҳамчунин гуфт, ба манзури ҳамоҳанг кардани тағйирот дар шароити созишномаи
Файзиддин Маҳсиддинов
байниҳукуматӣ
бо ҷониби Узбакистон ахиран як ҳайъат таҳти раҳбарии муовини ӯ вориди Тошканд шудааст ва он талош хоҳад кард, то ҳамтоёни узбаки худро ҷиҳати ба Тоҷикистон арзонтар фурӯхтани гази табиъӣ розӣ кунад.

Вале аз сӯи дигар, афзуд ӯ, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва боло рафтани баҳои маводди сӯхт кишварҳои содиркунанда низ баҳои маҳсулоти худро афзоиш медиҳанд ва Узбакистон низ ба ҳайси кишвари феълан ягона содиркунандаи гази табиъӣ ба Тоҷикистон низ ҳатман аз ин маврид истифода хоҳад кард.
Ба таъйиди ҳамин манбаъ, Тоҷикистон қасд дорад дар соли оянда аз Узбакистон дар ҳаҷми як миллиард метри мукааб гази табиъӣ харидорӣ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли равон Тоҷикистон аз Узбакистон мебоист 750 миллион метри мукааб гази табиъӣ дарёфт мекард, аммо ба иллати гаронии нарх на ҳама корхонаҳо тавонистаанд маводди лозимаи сӯхтро харидорӣ кунанд.
Бино бар омори «Тоҷикгаз», аз ҳамин сабаб то поёни соли ҷорӣ ҳаҷми гази табиъии аз Узбакистон воридшаванда аз 650 миллион метри мукааб бештар намешавад. Дар ҳамин ҳол масъулони ин ширкат аз эҳтимол дур намедонанд, ки Узбакистон барои ҳар ҳазор метр гази табъии худ аз Тоҷикистон аз 130 то 150 доллар талаб кунад. Зеро, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Русия, фурӯшандаи аслии гази Осиёи Марказӣ дар Аврупо, феълан гази табиъиро аз Узбакистон ва Туркманистон бо чунин нархҳо харидорӣ мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъйиди масъулони «Тоҷикгаз», ширкати тоҷикистонӣ аз ширкати «Узтрансгаз»-и кишвари ҳамсоя 2 миллион доллар қарздор будааст.
XS
SM
MD
LG