Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумонҳои президентҳо


Ҷавонони путингарои "Наши". Маскав, 3 декабр

Ҷавонони путингарои "Наши". Маскав, 3 декабр

Дар Тоҷикистон 86 дар сади интихобкунандагон ба пуштибонии ҳизби «Русияи воҳид» раъй додаанд.

Сафорати Русия дар Душанбе гуфт, дар шаш қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон, беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Русия барои овоздиҳӣ омадаанд.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, интихоботи ахири парлумонии Русия тақрибан аз рӯйи ба истилоҳ, «сенария»-и интихоботи ду соли пеши парлумонии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар Русия ҳам ҳизби ҳокими «Русияи воҳид», ки аз пуштибонии раисҷумҳур - Путин бархурдор аст, соҳиби наздик ба 65 дар сади оро шуд, мисле ки дар Тоҷикистон Ҳизби ҳокими халқии демократӣ феврали соли 2005 беш аз 75 дар сади раъйи мардумро аз они худ кард. Ҳамзамон, имсол натиҷаи мушобеҳ ба ин ду интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон низ ба мушоҳада расид. Ҳизби «Нур Отан», ки пешвои он ҳам Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аст, ҳудуди 90 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро дарёфт кард ва ҳоло танҳо ҳизбест, ки дар парлумони ин кишвар намояндаҳои худро дорад.

Ва аммо иддае аз соҳибназарон ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар ин андеша ҳастанд, ки ба фарқ аз интихоботи парлумонии ду соли пеши Тоҷикистон, ҳукумат ва раёсати Русия ин интихоботро чунон моҳирона сохтааст, ки суоле дар мавриди тақаллубӣ будани натоиҷи он наметавон дод.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров, мегӯяд, пирӯзии ҳизбҳои «Русияи воҳид» ва «Нур Отан»-и Қазоқистон дар интихоботҳо нисбатан мунсифона буд, назар ба ғалабаи Ҳизби халқии демократӣ дар Тоҷикистон. Ба гумони ҷаноби Валиев, он ду ҳизби Русия ва Қазоқистон ба фарқ аз ҳизби ҳокими Тоҷикистон, дар ҷомеа нуфуз доранд ва дар роҳи рушди иқтисоду иҷтимоъ дар кишварҳои худ ба натоиҷи намоён расидаанд:

«Ман фикр мекунам, ки натиҷаи интихоботи парлумонии Қазоқистон ва Русия мунсифонатар буданд, чун ҳизбҳои ҳоким дар ин кишварҳо бо пешвоёни худ ва кулли кишвар Назарбоев ва Путин ба дастовардҳои чашмраси иқтисодӣ расидаанд. Аммо дар Тоҷикистон, ки ҳизби ҳоким ингуна дастовард надорад, кадом мардум, ба кадом дид, кадом даст ба ин ҳизб, ҳамин ҳукумат ва ҳамин сиёсат овоз доданд?! Ин чиз қобили қабул нест, дар ҳоле ки дар зарфи 15 соли гузашта ҳизби ҳокими Тоҷикистон бо раҳбарии ҳукумати вақт амалан коре анҷом дода натавонист…»

Гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳукуматҳо дар мисоли мақомоти Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистон, барои нигаҳдории ҳукумат ҳизбсозӣ мекунанд, то аз тариқи парлумон, шохаи дигари муқтадири ҳокимият, мақом ва нуфузи худро нигаҳ доранд.

Ва аммо ин иддаоро масъулини ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон рад карда ва мегӯянд, соҳиби мақому манзалат будани раис ва аъзои ин ҳизб натиҷаи кору пайкори шоиста доштани онҳост. Мӯсо Асозода, раиси созмони Ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Душанбе:

«Маълум аст, ки дар Тоҷикистон ҳам чанде пеш ҳамин хел ақидаҳо пайдо шуданд, ки гӯё ҳукумат ду ҳизби дигари ба худ наздикро ба таври сунъӣ эҷод кардааст. Аммо амалан дар интихобот дидем, ки дар интихоботи парлумонии соли 2005 асоси пирӯзӣ раиси ин ҳизб сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давоми солҳои зиёд ба боварии мардум даромадааст. Ва дар мисоли интихоботи дирӯзаи Русия ҳам ҳамин тавр, яъне дар садри феҳрасти ҳизби «Русияи воҳид» истодани Владимир Путин, ки тӯли ҳашт сол барои ин кишвар ва халқаш хидмати шоён кардааст, боиси касби наздики 70 дар сади оро гардид».

Ҳамчунин бихонед: Интихоботи Венесуэла

Оқои Асозода мегӯяд, дар ҳоле ки ҳизби «Русияи воҳид» ба эҳтимоли қавӣ, пас аз даъватҳои пай дар пайи раисҷумҳур Владимир Путин аз мардуми кишвараш барои пуштибонӣ аз ин ҳизб, наздики 65 дар сади раъйи ононро соҳиб шудааст, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бидуни мудохилаи пешвои худ - раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар интихоботи парлумонӣ дар соли 2005 бо касби беш аз 75 дар сади оро пирӯз шуд.

Ҳамакнун, коршиносон мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо мерос аз замони Шӯравӣ, бо баргузории чунин интихоботҳо ҳамчунон ба яккаҳизбӣ ва яккатозии як ҳизб рӯ меоранд ва дар натиҷа, парлумонҳо, ки намояндаи мардум дар кишвар ба ҳисоб мераванд, ин хусусияти намояндагӣ аз мардумро гум мекунанд ва бештар ба як органи шахсӣ ва баровардасози хостаҳои раисони ҷумҳур табдил мешаванд.

Ва аммо ин ки яккаҳукмронӣ чӣ пайомаде ба бор хоҳад дошт, барои сокинони кишварҳои пасошӯравӣ чандон номафҳум нест.

XS
SM
MD
LG