Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳтарин шатранҷбозони навраси ҷаҳон муайян шуданд


Мутрибаи Илҳом ҳангоми бозӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон

Мутрибаи Илҳом ҳангоми бозӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон

Ахиран дар шаҳри Кемер-Анталия (Туркия) мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шатранҷ байни наврасон ба охир расид.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ, ки аз 18-ум то 29-уми ноябри соли ҷорӣ доир гардид, зиёда аз 1500 нафар шатранҷбозони навраси аз 8- то 18-сола аз 103 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.
Шатранҷбозони наврас барои муайян намудани ғолибон дар 11 давр бо ҳам рақобат карданд. Анҷоми мусобиқот ғолибони зергурӯҳҳоро ба гунаи зайл муайян сохт.

Писарони то 18-сола:
1. Иван Попов (Русия) – 9 имтиёз,
2. Роман Эдвард (Фаронса) – 8,5 имтиёз,
3. Александр Рахманов (Русия) – 8, 5 имтиёз.

Духтарони то 18-сола:
1. Валентина Гунина (Русия) – 9 имтиёз,
2. Катерина Немсова (Чехия) - 8,5 имтиёз,
3. Бетул Йилдиз (Туркия) – 8 имтиёз.

Писарони то 16-сола:
1. Иоан Чирила (Румониё) – 8,5 имтиёз (натоиҷи иловагӣ - 54,5),
2. Рубен Перейра (Португалия) – 8,5 имтиёз (52,%),
3. Борис Кравченко (Укроинн) – 8,5 имтиёз (50,5).

Духтарони то 16-сола:
1. Кетӣ Тсатсалашвилӣ (Гурҷистон) - 8,5 имтиёз (56,5).
2. Олга Гирия (Русия) - 8,5 имтиёз (56),
3. Олга Иваненко (Укроин) - 8,5 имтиёз (50).

Писарони то 14-сола:
1. Санан Сюгиров (Русия) - 9 имтиёз (56,5),
2. Марсел Канарек (Лаҳистон) – 9 имтиёз (53),
3. ВангЧен (Чин) – 8,5 имтиёз.

Духтарони то 14-сола:
1. Нозӣ Пайкидзе (Гурҷистон) – 9,5 имтиёз,
2. Меҳрӣ Арабидзе (Гурҷистон) – 8,5 имтитёз (49),
3. Шалмалӣ Гагаре (Ҳиндустон) – 8,5 имтиёз (48,5).

Писарони то 12-сола:
1. Даниэл Народитскӣ (ИМА) – 9,5 имтиёз (59),
2. Илля Нижник (Укроин) – 9,5 имтиёз (58),
3. Ҳан Чао (Чин) – 8,5 имтиёз.

Духтарони то 12-сола:
1. Марсел Эфроимскӣ (Исроил) – 9,5 имтиёз,
2. Динара Садвакасова (Қазоқистон) – 9 имтиёз,
3. Қӣ Гуо (Чин) – 8,5 имтиёз.

Писарони то 10-сола:
1. Ванг Тонг Сен (Чин) – 10 имтиёз,
2. Михаил Антипов (Русия) – 9 имтиёз,
3. Баҷаҷ Принс (Ҳиндустон) – 8,5 имтиёз.

Духтарони то 10-сола:
1.Анна Стяжкина (Русия) – 9,5 имтиёз,
2. Сараҳ Чианг (ИМА) – 8,5 имтиёз (56,5),
Ю Фан Гуо (Чин) – 8,5 имтиёз (55).

Писарони то 8-сола:
1. Константин Савенков (Русия) – 10 имтиёз,
2. Чингиз Қосимов (Озарбойҷон) – 9 имтиёз (58),
3. Максим Синявский (русия) – 9 имтиёз (52,5).

Духтарони то 8-сола:
1. Ивана Фуртадо (Ҳиндустон) – 9 имтиёз,
2. Гунай Мамадзода (Озарбойҷон) – 8,5 имтиёз (50),
3. Айдан Ҳоҷатова (Озарбойҷон) – 8,5 имтиёз (45).
Устоди FIDE Соиб Ҷӯраев ҳангоми бозӣ
Чунонки Зафар Мирзоев, раиси федеросюни шатранҷи Тоҷикистон, иттилоъ дод, кишвари моро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ 9 нафар писарону духтарон намояндагӣ карданд ва чунин натоиҷро нишон доданд: Моҳпочои Сайалӣ дар гурӯҳи духтарони то 8-сола 4 имтиёз (ҷои 90-ум байни 105 нафар), Мунирҷон Шарифзода дар гурӯҳи писарони то 8-сола 5 имтиёз (ҷои 79-ум байни 123 нафар), Алишер Каримов дар гурӯҳи писарони то 10-сола 4,5 имтиёз (ҷои 123-ум байни 156 нафар), Шодмон Мирзозода дар гурӯҳи писарони то 12-сола 4 имтиёз (ҷои 90-ум байни 105 нафар), Мутрибаи Илҳом дар гурӯҳи духтарони то 12-сола 5 имтиёз (ҷои 83-вум байни 125 нафар), Асилаи Муҳтоҷзода дар гурӯҳи духтарони то 12-сола 4 имтиёз (ҷои 96-ум байни 114 нафар), Беҳрӯзи Сайалӣ дар гурӯҳи писарони то 12-сола 3 имтиёз (ҷои 121-ум байни 126 нафар), Меҳрангез Раҳматова дар гурӯҳи духтарони то 16-сола 4,5 имтиёз (ҷои 90-ум байни 106 нафар), Соиб Ҷӯраев дар гурӯҳи писарони то 18-сола 6 имтиёз (ҷои 40-ум байни 114 нафар).

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳарчанд шатранҷбозони навраси кишвар дар чунин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ бори нахуст ширкат карданд, ӯ аз ҳунарнамоии онҳо дар маҷмӯъ қаноатманд аст.

Дар зер пайнавиштҳои ду бозии шатранҷбози умедбахши тоҷик Соиб Ҷӯраевро пешкаши ҳаводорони ин бозии зебои бостонӣ менамоем.
МУСОБИҚОТИ ҶАҲОНИИ ШАТРАНҶ БАЙНИ НАВРАСОН-2007 (Анталия, Туркия)
Ҳернан КАТЕЛЛӢ (2168) – Соиб ҶӮРАЕВ (2297)
1.c4 g6 2.g3 Пg7 3.Пg2 Аf6 4.Аc3 O-O 5.e4 d6 6.Аge2 c5 7.O-O Аc6 8.d3 a6 9.a4 Аd4 10.А:d4 c:d4 11.Аe2 Аd7 12.a5 Pb8 13.b4 b5 14.a:b6 Ф:b6 15.Пd2 Аe5 16.Pa3 Пg4 17.f3 А:c4 18.d:c4 d3+ 19.Шh1 d:e2 20.Ф:e2 Пd7 21.Pa2 Pfc8 22.Pc1 Pc7 23.Пf1 Фb7 24.Фe3 Пe6 25.Pa5 Фc8 26.c5 d:c5 27.Pa:c5 P:c5 28.P:c5 Фd7 29.e5 Pd8 30.Пe1 Фb7 31.Пe2 Pd5 32.Пc3 P:c5 33.Ф:c5 Пd5 34.Шg2 e6 35.Фd6 Фc8 36.Пd4 Пb7 37.Пc5 h5 38.Шf2 Пc6 39.f4 Пh6 40.Фe7 Пb5 41.Пf3 Пc6 42.Пd1 h4 43.Пc2 Фa8 44.Фa7 Фd8 45.Пd6 Пb5 46.Пe4 h:g3+ 47.h:g3 П:f4 48.g:f4 Фh4+ 49.Шg2 Фg4+ 50.Шh2 Фe2+ 51.Шg3 Фe1+ 52.Фf2 Ф:e4 53.Пe7 Пc6 54.Фd2 Фf3+ 55.Шh2 Шh7 56.Пc5 Шg7 57.Фf2 Фh5+ 58.Шg3 Пe4 59.Пe7 Фd1 60.Фe3 Фh1 61.Пf6+ Шg8 62.Фf2 Фd1 63.Пe7 Фd3+ 64.Шh4 Пf5 65.Фg3 Фe2 66.Шg5 Фh5+ 67.Шf6 Фh8+ 68.Шg5 f6+ ва сапедҳо таслим шуданд.
Филиппе ЛИНСТЕР (2085)Соиб ҶӮРАЕВ (2297)
1.d4 d6 2.Af3 g6 3.c4 Пg7 4.Ac3 Пg4 5.g3 П:f3 6.e:f3 c6 7.Пe3 e6 8.Фd2 d5 9.c:d5 c:d5 10.Pc1 Ac6 11.Пb5 Age7 12.O-O O-O 13.Pfd1 Pc8 14.b3 Af5 15.П:c6 P:c6 16.Aa4 P:c1 17.Ф:c1 Фd7 18.Ac3 Pc8 19.Фd2 Pc6 20.Ae2 Фc8 21.Pc1 P:c1+ 22.A:c1 A:d4 23.П:d4 П:d4 24.Ф:d4 Ф:c1+ 25.Шg2 b6 26.Фe5 Фc8 27.h4 h5 28.Фd6 Фf8 29.Фd7 Фa3 30.Фc7 Фc5 31.Фb8+ Шg7 32.Фe5+ Шh7 33.Фf6 Шg8 34.Фd8+ Шg7 35.g4 d4 36.g5 Фe5 37.Шf1 Фf4 38.Шe2 e5 39.Фd6 d3+ 40.Ф:d3 Ф:h4 41.Фd8 Фf4 0-1
Эзоҳ: Ш – шоҳ, Ф – фарзин, Р – рух, П – пил, А – асп.


XS
SM
MD
LG