Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯкондорони Панҷакент эътироз мекунанд


Тасмими ҳукумати шаҳри Панҷакент оид ба тахриби як идда дӯконҳои тиҷоратие, ки дар маркази шаҳр қарор доранд, боиси эътирози даҳҳо тоҷир ва соҳибони ин дӯконҳо гардид.

Рӯзибой Маҳмудов, сармеъмори ҳукумати шаҳр мегӯяд, бинобар он ки ин дӯконҳо ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ нестанд, тасмими тахриб кардани онҳо гирифта шуд. Ӯ мегуяд, дар ин мавзеъ рафтуои шаҳрвандон ва мошинҳо мушкил гардидааст.

Мақомот ҳамчунин гуфтаанд, онҳо вазифадор нестанд, ки соҳибони ин дӯконҳоро бо ҷойҳои нави корӣ, ва ё замин барои бунёди дӯконҳои дигар таъмин намоянд. Ва ҳол он ки дӯкондорон мегӯянд, онҳо барои ин дӯконҳо сертификат доранд.

Дӯкондорон мегӯянд, дар сурати ба қавлашон одилона ҳал нашудани ин қазия ва ҷойи дигар надодан, маҷбуранд, даст ба тазоҳурот зананд ва ё намояндаҳои худро ба Душанбе ба назди раисҷумҳур фиристанд.

XS
SM
MD
LG