Пайвандҳои дастрасӣ

Парвиз Мушарраф пас аз канорагирӣ аз симматҳои низомӣ, ба ҳайси раисҷумҳури мулкии Покистон савганд ёд намуд.

Раҳбарии маросими савганд ёд кардани раисҷумҳури акнун, мулкии Покистонро раиси нави Додгоҳи Олӣ Абдулҳамид Догар ба дӯш дошт. Раиси қаблӣ пас аз радди фармони Мушарраф дар мавриди иҷозаи вазъи фавқулода дар кишвар, аз кор сабукдӯш гардида буд.

Парвиз Мушарраф, дирӯз, 28 ноябр пас аз фишорҳои зиёди дохиливу хориҷӣ аз вазифаи фармондеҳи аршади артиши Покистон истеъфо дод. Акнун, артиши Покистон ба даҳони генерал-майор Ашфақ Киёнӣ дида медӯзад. Киёнӣ дар тафтиши ду суиқасд ба ҷони Мушарраф дар соли 2003 нақши калидӣ дошт.

Дар маросими интиқоли салоҳияти фармондеҳии аршади артиш, Парвиз Мушарраф гуфт, ки ӯ аз раҳбарии ин гуна «нерӯҳои бузург» ифтихор дошт.

Дар ҳамин ҳол, мухолифин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Парвиз Мушарраф тақозо доранд, то вазъи фавқулодаро қабл аз интихоботи порлумонии моҳи январ лағв бикунад.

XS
SM
MD
LG