Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал дар гузориши ахири худ дар бораи вазъи иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро фақиртарин кишвари ИДМ хондааст.

Бино ба маълумоти маркази иттилоъотии СММ, гузориши имсолаи созмони мазкур, бар асоси паёмадҳои тағйироти ахири фазои рушди инсоният дар ҷаҳон, хусусан сатҳи иҷтимоии аҳолии кишварҳои мухталиф, вазъи беҳдоштӣ, сатҳи маърифатнокиву фарҳанги мардум, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳифзи муҳити зист, таҳия шудааст.

Аммо вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба чунин хулосаи барномаи рушди СММ оид ба вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, чандон мувофиқ нест. Саима Муҳаббатова, иҷрокунанди вазифаи мудири бахши иҷтимоӣ ва оилаву кудаки Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, гуфт, тайи солҳои ахир ҳукумати кишвар дар амри иҷрои барномаҳои марбут ба коҳиши фақр ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои зиёде андешидааст. Вай афзуд, масалан, аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон нафақаи мардум 25 бор боло бурда шуд. Ахиран аз 1 апрели соли равон, тибқи фармони раисҷумҳур барои афроде, ки куллан собиқаи корӣ надоранд, нафақа таъин карда шуд.

Ва аммо таҳлилгарони тоҷик, бар ин назаранд, ки нишондодҳои барномаи рушди СММ, дар робита ба вазъи зиндагии сокинони Тоҷикистон, мувофиқат мекунад. Марям Давлатова, коршиноси мустақил, гуфт, аслан ҳар гузорише, ки СММ таҳия мекунад, бар асоси далелҳои муътамад ва таҳқиқотҳо таҳия мешавад. Вай афзуд, воқеан вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон беҳбуд мехоҳад.

Хонум Давлатова иброз дошт, яке аз иллатҳои аслие, ки дар роҳи рушди иҷтимойӣ ва самтҳои дигари ҷомеъаи Тоҷикистон монеъаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад, корупсия ё фасод ва қавмсолорӣ будааст. Вай гуфт, кумита зидди корупсия вуҷуд дорад, аммо ман бовар намекунам, ки худи ин кумита аз фасод орӣ бошад.

Бар асоси гузориши барномаи рушди СММ аз кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ, аҳолии Қирғизистон ва Узбакистон дар қиёс бо Тоҷикистон вазъи андаке беҳтар доштаанд.

XS
SM
MD
LG