Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон аз Покистон орд меорад


Бино бар иттилоъи идораи гумруки Бадахшон, аз Покистон 108 тонна орд аз тариқи гузаргоҳи марзии Ишкошим ва аз Қазоқистон 135 тонна орд аз гузаргоҳи марзии Қизил-арт ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидааст.

Муовини сардори идораи иқтисоди Бадахшон Латиф Шоҳзодаев гуфт, воридоти орд аз Қазоқистону Покистон тибқи як барномаи вижаи мақомоти вилоятӣ ва барномаи ҷонибдории рушди манотиқи кӯҳистонии Бунёди Оғохон ба мақсади танзими нарху навои маводди озуқа, бахусус орд, сурат гирифтааст ва интизор меравад, ки то охири сол 500 тонна орд аз Қазоқистон ва 300 тоннаи дигар аз Покистон ба Бадахшон интиқол шавад.

Тақсими орди воридотӣ дар деҳоти дурдаст, ба гуфтаи ӯ, феълан, шурӯъ шуда, нархи он вобаста ба сифат ва хароҷоти нақлиёти аз 90 то 105 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, қимати як халтаи орди 45 кг навъи якум дар бозори Хоруғ ба 135 сомонӣ баробар аст. Аммо мардум дар робита бо болоравии нархи сӯзишворӣ барои васоили нақлия ва бо назардошти басташавии роҳҳои ҳамлу нақлӣ дар фасли зимистон бар асари офоти табиӣ, аз ҳоли ҳозир дар таҳлука афтода, ба захираи маводи озуқа пардохтаанд. Сокини шахри Хоруғ Парисултон Миршакарова мегӯяд, ҳар кас бо ҳар роҳе, ки метавонад ордро захира мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Қаюмов, як тоҷири хатлонӣ мегӯяд, бо назардошти камбуди орд дар бозорҳои Бадахшон ва имконияти интиқоли он аз Покистон, онҳо мехоҳанд, дар ин тиҷорат ширкат кунанд. Вай гуфт, ҳарчанд сифати орди Покистон пасттар аст, аммо бештари мардум камбизоат аст ва ба ҳама гуна навьҳои орд эҳтиёҷ доранд. Қаблан, наздики 1000 тонна орд аз вилояти Қошғари Чин ворид гардид, вале роҳи Кулма пас аз чанд руз баста мешавад. Аммо муовини сардори идораи иқтисоди вилоят мегӯяд, дар фасли зимистон камбуди орд дар бозорҳои Бадахшон эҳсос нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG