Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати бензин дар пойтахти Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзуда, аз 1 доллар ҳам бештар шудааст. Нархи 1 литр бензин, ки якчанд рӯз пеш 2,9 сомонӣ буд, акнун ба 3,7 сомонӣ, ё ба 1,1 доллар расидааст.

Тоҷирони маводи сухт афзудани қимати бензинро ба кам ворид шудани он ба бозори Тоҷикистон марбут мекунанд. Абдулло Раҳимов, як соҳибкори тоҷик, ки ба тиҷорати бензин машғул аст, гуфт, ширкати русии «Газпром» - воридкунандаи асосии маводи сӯхт ба Тоҷикистон интиқоли бензинро ба кишвар кам кардааст ва дар натиҷа сатҳи воридоти бензин ба Тоҷикистон поин рафта, боиси болоравии қимати бензин шудааст.

Ва аммо то кунун идораҳои давлатии кишвар роҷеъ ба вазъи пешомада ҳеҷ гуна шарҳу тафсир надодаанд, ки сабабҳои аслии боло рафтани қимати маводи сухт дар Тоҷикистон ба чӣ басатагӣ дорад. Аммо коршиносон сабаби аслии гарон шудани қимати бензинро ба афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки феълан як бушкаи он аз 96 доллари амрикоӣ ҳам гузаштааст, вобаста медонанд. Маҳмадулло Машрабов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, маҳз афзоиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба гарон шудани қимати бензин дар Тоҷикистон боис шудааст.

Ширкати «Нафтрасон», ки ба воридоти маводи сухт ба кишвар сару кор дорад, ҳадс мезанад, ки қимати бензин боз ҳам боло меравад. Зеро Тоҷикистон нафт истеҳсол намекунад ва маводи сухтро аслан аз Русия ва ба миқдори кам аз Қазоқистону Узбакистон ворид месозад.

Аммо боло рафтани баҳои бензин аллакай ба гарон шудани роҳкирои таксиҳо сабаб шудааст. Агар қаблан аз маҳалаи «Зарафшон»-и Душанбе, ки дар як гушаи пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, ба маҳаллаи «Саховат», ки дар канори он ҷой дорад, роҳкирои такси 15 сомонӣ буд, феълан қимати он ба 25 сомонӣ расидааст, яъне ҳудуди 3 доллар афзудааст. Содир Бобоев, як ронанда, гуфт, гароншавии нархи бензин ӯро водор мекунад қимати роҳкироро баланд кунад.

Коршиносон таъйид мекунанд, ки афзоиши қимати бензин ба думболи худ роҳкирои нақлиётро баланд намуда, ба афзоиши нархҳои маводи хурданӣ боис хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG