Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маъдан ва саноъати Афғонистон ҳаққи истихроҷу коркарди захираи азими мис мавсум ба Айнакро ба ихтиёри як ширкати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин додааст.

Бино ба иттилоъи вазорати маъдан ва саноъати Афғонистон, ширкати давлатии филлизоти Чин тавофуқ кардааст, ки ҳамзамон барои тарҳҳои дигар ба мисли бунёди як нерӯгоҳи барқӣ аз сӯхти ангишт ва тарҳи нахустин роҳи оҳани боркашонӣ дар Афғонистонро сармоягузорӣ кунад.

Бар асоси тахмини баъзе аз мутахассисон, майдони Айнак, воқеъ дар вилояти Лугар, азимтарин захираи миси дастнохурда дар ҷаҳон аст. Пас аз солҳои музокирот бо ширкатҳои байналмилалӣ ҳукумати Афғонистон дар ниҳоят бо ширкати давлатии филлизоти Чин созишномае имзо кард, ки бар асоси он ширкати чинӣ ҳаққи истихроҷи миси баландсифати майдони Айнакро хоҳад дошт. Вале дар наздикиҳои ин майдон на нерӯи барқ аст ва роҳҳи иртиботӣ, ки истихроҷи пурраи захираҳои мисро номумкин месозад. Аз ин хотир, ба гуфтаи вазири маъдану саноъати Афғонистон Иброҳим Одил, ширкати чинӣ дар наздикиҳои ин маҳал нерӯгоҳи барқӣ ва роҳи иртиботӣ бунёд хоҳад кард.

Дар воқеъ Афғонистон то кунун ягон роҳи оҳани боркашонӣ надоштааст. Хузмон Улумӣ, сухангӯи вазорати маъдан ва саноати Афғонистон, гуфт, бар асоси тарҳ як роҳи оҳан аз Тоҷикистон то ба маҳалли майдони мис кашида мешавад ва хатти дигар то ба Покистон. Вай афзуд, мо дар марҳилаи муқаддамотии музокирот доир ба бунёди роҳи оҳан қарор дорем ва ин роҳи оҳан аз Бандари Шерхон, воқеъ дар рӯдхонаи Панҷ, аз шимол шурӯъ мешавад ва сипас аз қаламрави вилояти Бомиён ва Кобул гузашта то ба майдони захираи мис дар вилояти Лугар мерасад ва сипас қаламрави шаҳри Турҳамро бурида ба вилояти шимолу Ғарби Покистон васл мешавад.

Ба гуфтаи Хузмон Улумӣ нерӯгоҳи барқие, ки барои истихроҷи майдони захираи мис дар назди он бунёд мешавад, аз зарурат зиёд нерӯи барқ тавлид мекунад ва нерӯи барқи изофӣ ба шаҳри Кобул интиқол хоҳад ёфт, ки сокинонаш ҳоло рӯзона чанд соат нерӯи барқ доранду халос. Қарор аст, панҷ ҳазор нафари дигар дар Афғонистон бо раҳбарии мутахассисони чинӣ дар корҳои истихроҷи мис ва бунёди роҳи оҳан кор кунанд. Дар озмуни эълонкардаи Афғонистон барои истихроҷи майдони миси Айнак, ширкати давлати филлизоти Чин, дар байни ширкатҳои бузурги Русияву, Қазқоқистон ва Амрикову Конодо дастболо шуда, ҳаққи истихроҷро соҳиб шуд.

Бисёре аз коршиносони Афғонистон аз натиҷаҳои озмун дар ҳайрат афтодаанд, зеро давлати ин кишвар интизор дошт, ки ҳаққи истихроҷро танҳо бо ду миллиард доллар бифурушад. Ба гуфтаи вазири маъдан ва саноати Афғонистон Иброҳим Одил, дар майдони Айнак 13 миллиён тонна миси баландсифат хобидааст. Ба қавли ӯ, иктишофҳои иловагӣ шояд миқдори кашфношудаи захираҳои мисро ошкор кунад. Вай мегӯяд, шояд захираҳои мис дар ин майдон аз 20 миллион тонна ҳам гузарад ва дар он сурат арзиши кони Айнак ҳудуди 30 миллиард доллар хоҳад буд.

Аммо коршиносон мегӯяд, иҷрои барнома барои ширкати чинӣ осон нахоҳад буд, зеро ҷангу мушкилоти амниятӣ буд, ки баъди кашфи захираҳои мис аз тарафи коршиносони шӯравии собиқ дар соли 1979 то кунун то ин майдон дастнохурда боқӣ монд. Агарчӣ худи майдони мис дар минтақаи нисбатан ороми Афғонистон ҷойгир аст, вале роҳи оҳан ва шабакаҳои интиқоли барқро аз ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толибон ҳифз кардан, сахт хоҳад буд. Ин тарҳ, Айнакро ба озмоиш барои сармоягузорони эҳтимолии Афғонистон хоҳад буд, ки шеваи бархӯрди ҳукумат бо сармоягузоронро нишон медиҳад ва ҳам онро ки чӣ гуна ҳукумати марказии Афғонистон қодир ба таъмини амнияти тарҳҳои азими сармоягузориҳои хориҷӣ аст.

XS
SM
MD
LG