Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусони комунист дар Ватикан


Ниёишгоҳи Ватикан
Ниёишгоҳи Ватикан

Бойгониҳои хадамоти ҷосусии мамолики Аврупои Марказиву Шарқӣ аз он гувоҳ аст, ки ҷосусони комунист бо муваффақият ба Ватикан - маркази насрониҳои католики ҷаҳон роҳ ёфта буданд. Ин барномаи зери назорати КГБ-ро хадамоти ҷосусии Маҷористон ва Полша иҷро намудаанд.

Стефано Боттонӣ, корманди донишгоҳи Болонияи Италия гуфт, хадамоти ҷосусии Маҷористон дар солҳои 60-уми қарни гузашта, яъне замоне, ки Ватикан сиёсати муколама ба блоки Шарқро эълон намуд, амалиёти дарёфти нуфуз дар Ватиканро шурӯъ карданд. Вай афзуд, ҷосусони комунист ба воситаи шабакаи хабаркашҳои иборат аз рӯҳониёни Ватикан, рӯзномагорони италиявӣ ва сиёсатмадорон ҷамъи иттилоъ аз маркази мазҳаби католики дини насрониро танзим намуда буданд.

Ба қавли Боттонӣ, солҳои 70-уми садаи гузашта аз 20 дипломати маҷористонии мустақар дар Италия ҳадди ақал ҳафт нафарашон мустақиман бо Ватикан сару кор доштанд ва бо манбаъҳои хуби иттилоъот, яъне баъзе роҳибон ва уламои католик, иртибот пайдо карда буданд. Вай гуфт, соли 1977 нуфузи ҷосусони маҷористонии коммунист рӯи Ватикан ба авҷи худ расида буд ва дар ҳамон сол хадамоти ҷосусии кишварҳои паймони Варшава дар Будапешт гирдиҳам омада, дар давоми чор рӯз тавсеъаи нуфуз дар Ватиканро баҳс карданд.

Боттонӣ мегуяд, ин ҳамон соле буд, ки попи Рим Поли 6 санади хеле муҳим бо унвони "Популарум Прогрессио"-ро барои посух додан ба таҳдидҳои муосир ба калисои католик имзо кард. Вай меафзояд, КГБ ва Маскав ҳам аз ин санад ва сиёсати Ватикан дар самти шарқ, маъруф бо номи ОСТ-Политики солҳои шастум, огаҳ буданд ва ин заминаи хуберо барои ҷанги идеологӣ фароҳам оварда буд. Ҳадаф аз ин "ҷанги идеологӣ" водор намудани Ватикан ба эътирофи блоки шарқӣ ва дарёфти пуштибонӣ аз сиёсати хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Анджей Граевский аз донишгоҳи миллии ёдбуди Полша изҳор намуд, ки хадамоти ҷосусии ин кишвар дар солҳои панҷоҳум бо истифода аз рӯҳониён ҷамъи маълумот дар бораи Ватиканро шурӯъ намуда буданд. Ӯ меафзояд, ҳар рӯҳоние, ки мехост дар Ватикан таҳсил намояд, мебоист ибтидо аз тафтиши хадамоти ҷосусӣ гузарад.

Корманди дигари донишгоҳи миллии ёдбуди Полша Владислав Булҳак низ бар ин назар аст, ки хадамоти ҷосусӣ доимо дар бораи як ҳар рӯҳонӣ иттилоъ ҷамъ мекарданд. Вай гуфт, онҳо ҳар рӯз дар бораи ҳар як рӯҳонӣ маълумот ҷамъ мекарданд. Ҳама вақт як мушкиле шабеҳи майнӯшӣ, таваҷҷӯҳ ба хонумҳо ва ғайраро пайдо кардан мумкин буд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар бораи ҳар як рӯҳонӣ маводи шармсоркунанда дошта бошанд. Тақрибан ҳамаи онҳоро маҷбур мекарданд, ки ба хадамоти махфӣ хабаркашӣ кунанд, вале ба фикрам фақат 10-15 дарсади онҳо ҳамкорӣ бо хадамотро қабул мекарданд, мегуяд ӯ.

Албатта зери фишор аксари рӯҳониён ба ҳамкорӣ ризоят медоданд, вале маълум нест, ки баъд дар амал онҳо хабаркашӣ мекарданд ё не? Шореҳи италиявӣ илова мекунад, ки охири солҳои панҷумоҳи асри гузашта хадамоти ҷосусии блоки шарқ мухолифи сари қудрат омадани Карол Войтела буданд. Вале соли 1958 Войтела попи Рим интихоб шуда, номи Ҷон Поли 2 ва ё Оҳан Павели 2-ро ихтиёр намуд.

XS
SM
MD
LG