Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи донишҷӯи нажодпараст оғоз шуд


Навори видеоии қатли тоҷику доғистонӣ дар интернет, августи 2007

Навори видеоии қатли тоҷику доғистонӣ дар интернет, августи 2007

Намояндаи додгоҳи шаҳри Майкопи ҷумҳурии Адигеяи Русия Герасимова хабар дод, муҳокимаи додгоҳии донишҷуи донишгоҳи давлатии фановарии Майкоп, ки саҳнаи қатли як тоҷик ва як доғистониро аз тариқи интернет интишор кардааст, рӯзи душанбе оғоз гардид, вале натиҷаи мурофиъа охири ҳафта маълум хоҳад шуд.

Намояндаи додгоҳ тавзеҳ дод, донишҷӯи донишгоҳи Майкоп Виктор Милков бо қазияи барангехтани низоъи миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ муттаҳам дониста шудааст ва Кумитаи бозрасӣ дар қиболи вай бо банди 228 Қонуни кайфарии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Кумитаи бозрасии Адигея хабар додааст, навори видеоии куштори ду мард дар интернет 12 август пайдо гардид. Дар зерматни навор гуфта мешавад, ки ин ду мард аз Тоҷикистон ва Доғистон ҳастанд.

Дар ин навор дида мешавад, ки як шахси камуфляжпуш бо корди бузург сари яке аз он мардҳоро мебурад ва нафари дуввумро аз пушти сараш бо тир мезананд. Амалиёт дар ҷангал дар ҳошияи парчам ва чалипои миллатгарой анҷом мешавад. Кумитаи бозрасӣ қаблан хабар дода буд, ки, бино ба тафтиши анҷомшуда, муҳтавои навор аз даъват ба амалҳои миллатгароёна ва барангехтани адовати нажодиву мазҳабӣ иборат аст. Гузашта аз ин навор шарафи миллии намояндагони мардумони Осиёи Миёна ва Қафқози муқими Русияро доғдор мекунад.

Аммо бозрасӣ ҳанӯз эълом накардааст, ки навори интишоршуда бадалист ва ё асл. Донишҷӯи донишгоҳи Майкоп, ки узви созмони сотсиалистҳои миллатгарои рус муаррифӣ шудааст, гуфтааст, наворро барои вай аз тариқи интернет ашхоси номаълум фиристодаанд ва аз додгоҳ хостори афв шудааст. Дар ҳамин ҳол оҷонсии ИТАР-ТАСС ба нақл аз мақомоти пулиси шаҳри Маскав гузориш додааст, бо иттиҳоми ҳамла ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ кардани онҳо ду донишҷӯ ва ду шогирди яке аз мактабҳои миёнаи Маскав боздошт шудаанд.

Аммо сухангуи идораи марказии пулиси шаҳри Маскав Кирилл Шаров хабарро тасдиқ накард. Идораи пулиси ҳавзаи ҷанубии шаҳри Маскав ҳам боздошти ҳамлаварон ба шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ накард. Дар расонаҳои хабарии Русия дар мавриди мушкилоти муҳоҷирони Тоҷикистон ахбори зиддунақиз зиёд чоп мешавад.

XS
SM
MD
LG