Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово: боз як қадам ба сӯи истиқлолият


Ҳошим Тачӣ, раҳбари Ҳизби демократи Косово
Ҳошим Тачӣ, раҳбари Ҳизби демократи Косово

Нозирони интихоботӣ дар Косово тасдиқ карданд, ки ҳизби демократии мухолилифин, таҳти раҳбарии як ҷангии ғайринизомии албанитабор Ҳошим Тачӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи шанбе пирӯз омад.

Гурӯҳи назорати интихоботии "Демократия дар амал" гуфт, ки баъди ҳисоби 90 дарсади варақаҳои раъйдиҳӣ маълум мешавад, ки ҳизби таҳти раҳбарии Тачӣ 34 дарсади раъйҳоро касб кардааст ва Лигаи демократии Косово дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. Мақоми аввали ҳизби Тачӣ ба вай ҳақи ташкили ҳукумати эътилофиро медиҳад. Ҳошим Тачӣ қабл аз интихобот тааҳҳуд карда буд, ки дар сурати ғалаба, вай талош хоҳад кард, ки баъди 10 декабр ба Косово мақоми истиқлолият дода шавад. 10 декабр таърихест, ки аз ҷониби ҳайати музокироти байналмилалӣ барои таҳияи гузорише ба унвонии СММ таъйин шуда, дар он сухан аз пешравиҳо дар самти музокироти сари сарнавишти ояндаи Косово хоҳад рафт. Таърихи мазкур аз ҷониби ҳукумати Сербистон чун зарбулаҷали хатми ҳама гуна музокироти оянда рад мешавад.

Белград пофишорӣ дорад, ки дар мавзӯи Косово бояд бидуни зарбулаҷал музокираҳо идома дода шавад, дар ҳоле, ки аксарияти албанитабори ин вилояти ҷудоихоҳ ва миёнҷиҳои ғарбӣ ба ин мухолифат дошта, ҷонибдори бахшиши истиқлолияти нисбии таҳти сарпарастии байналмилалӣ ба Косово мебошанд. Ҳамин масъала буд, ки интихоботи рӯзи 17 ноябрро аққалияти сербҳои Косово бойкот карданд ва мавриди интиқоди ИМА қарор гирифтанд. Дар айни ҳол, Вашингтон аз ҷараёни сулҳомези интихоботи Косово ситоиш кард.

Дар заминаи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Косово раиси бахши албании радиои «Озодӣ» Мелазим Котси дар сӯҳбат бо мо чунин ибрози назар кард, ки "Ҳошим Тачиро метавон чун нахуствазири ояндаи Косово арзёбӣ кард. Чизи дигаре, ки бояд зикр кунем, ин аст, ки дар интихобот шумори ками раъйдиҳандагон, ҳудудан 45 дар сад иштирок карданд. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз вазъи нобасомони иҷтимоиву сиёсӣ ноумед шудаанд. Тибқи қонунҳои вилояти Косовоо, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешавад. Оқои Тачӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ваъда дод, ки баъди таърихи 10 декабр Косово соҳибистиқлол мешавад. Ва маҳз ҳамин ваъдаи вай дар интихобот нақши калидиро бозидааст. Ҳоло бояд интизори ташкили ҳукумат аз ҷониби ӯ шуд ва баъди он мардуми Косово аз вай тақозо хоҳанд кард, ки истиқлолиятро эълон кунад".

Баъди эълони пирӯзии раҳбари ҳизби мухолифин дар интихоботи Косово, расонаҳои давлатии Русия бори дигар таҳдиди Маскавро дар заминаи истиқлолталабиҳои манотиқи дигари ҷудоихоҳ такрор карданд. Маскав мухолифи истиқлолияти Косово буда, мегуяд, ки дар сурати истиқлолияти Косово ду ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон - Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ ҳам метавонанд чунин ҳақи худро тақозо кунанд. Ин масъалаест, ки сари он муддатҳост Русияву Ғарб ихтилофи назар доранд.

Мелазим Котси: "Бале, Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ. Аммо ба назари ман, миёни Косовову Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон наметавонад умумияте бошад. Косово дар вазъияти вижа қарор дорад. Косово як бахши Югославияи собиқ, як бахше аз 8 қисмати ин кишвари собиқ аст. Ва ҳоло мо бо идомаи таҷзияи Югославияи собиқ сару кор дорем. Ба назари ман, кӯшиши пайдо кардани умумияти миёни мақоми Косово ва он ду ҷумҳурии қафқозӣ иштибоҳ хоҳад буд".

Ба ҳар сурат, ҳукумати Сербистон батакрор мегӯяд, ки истиқлолияти Косово вазъи минтақаро бесубот хоҳад кард ва ин ба манфиати вазъи амниятиву сиёсии Балкан нест. Шумо ба ин ақида чӣ назар доред?

Мелазим Котси: "Ба андешаи ман, истиқлолияти Косово вазъи Балканро ба эътидол меоварад. Чаро? Ин охирин мушкиле дар қазияи тақсимоти Югославияи собиқ аст ва бидуни ҳалли он, дастрасӣ ба ҷараёнҳои сулҳи тамоми минтақа номумкин мешавад. Мақомоти Сербистон ин мавқеи худро дар оянда ҳам такрор хоҳанд кард, аммо он чи ки бояд дар асл интизор шавем, ин аст, ки дар натиҷаи истиқлолияти ин минтақа, ҳам албаниҳо ва ҳам сербҳои муқими ин вилоят ниҳоят ором хоҳанд шуд. Ҳеҷ кас дигар нигарон нахоҳад буд, ки Косово як ҷузве аз Сербистон мебошад. Ғайр аз ин, Косово, Сербистон ва дигар давлатҳои Балкан баъди ин тадриҷан ба самти узвияти Иттиҳодияи Аврупо ҳаракат хоҳанд кард ва ин боиси эътидоли вазъ дар минтақа хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG