Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як изҳороте, ки Кумитаи ташаббускори фаъолони мустақили ҳуқуқи башар дар Узбакистон ба табъ расонд, омадааст, ки Тоҳир Нурмуҳаммадов 13 ноябр бар асари шиканҷа дар маҳбаси шаҳри шарқии Андиҷон ба ҳалокат расидааст. Як рӯз баъд аз он ҳодиса ҷасади ӯро дар шаҳри Тошканд ба хешовандонаш таслим кардаанд.

Модари Нурмуҳаммадов - хонум Раъно марги фарзандашро тасдиқ кард:

"Онҳо фарзанди маро дар зиндон куштанд. ман ҳозир сӯҳбат карда наметавонам."

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи башари узбак Сурат Икромов иттилои бештар дорад:

" Наздикони Тоҳир Нурмуҳаммадов мегӯянд, дар ҷасади ӯ шаҳодати шиканҷа, изи ҷароҳат, паи зарба ва ҷойҳои хуншор намудор будааст. Бар илова, хешовандони ӯ гуфтанд, ки ӯ сиҳат буд ва аз саломатиаш шикоят надошт. Аммо доимо аз зарбу лат шикоят мекард."

Моҳи апрели соли 2002 Нурмуҳаммадовро бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир ба муддати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Тибқи гузоришҳои расида, узви дигари ҳамин гурӯҳ Фитрат Салоҳиддинов низ аз зарбу лат дар маҳбаси Андиҷон ҳалок шудааст. Ҷасади ӯро 12 ноябр ба наздиконаш таслим намуданд.

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар таърихи ҳафтуми ноябр иброз дошт, ки шиканҷа ба низоми адлияи Узбакистон сироят кардааст. Созмон аз Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дархост намуд, нодидагирии эъломияи саросарии манъи шиканҷа аз тарафи мақомоти Узбакистонро маҳкум кунад. Кумитаи СММ моҳи равон бо ҳайъати Узбакистон вохӯрд ва интизор меравад, ки натиҷаи он баъди чанде ба табъ мерасад.

Таъқиби эътирозҳои мухолифини ҳукумати Узбакистон дар моҳи маи соли 2005 низ мавриди таҳқиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Он замон ҳангоми пароканда намудани гирдиҳамоиҳои шаҳри Андиҷон ҳукумати Узбакистон аз нерӯ истифода бурд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар Андиҷон садҳо шахси осоишта ба қатл расиданд, вале ҳукумат таъкид мекунад, ки аснои таъқиби гирдиҳамоиҳо 187 нафар ба ҳалокат расид. Ҳукумат ифротгароҳои исломиро масъули нооромиҳо мешуморад.

XS
SM
MD
LG