Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназир ҳукумати навро эътироф накард


Беназир Бҳутто, раҳбари мухолифони Покистон гуфт, "мо хоҳони як ҳукумати бетарафе ҳастем, ки интихоботи озод ва одилонаро тазмин диҳад."

Ҳанӯз дар остонаи сафари Ҷон Негропонте, ноиби вазири умури хориҷии Амрико ба Исломобод президенти Покистон Парвиз Мушарраф расми савганди ҳукумати нави кишварашро барпо кард ва раҳбари мухолифон, сарвазири собиқ Беназир Бҳутторо аз ҳабси хонагӣ озод намуд. Тибқи хабарҳо бархе аз ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи инсон низ ба озодӣ баромаданд. Қарор аст, ин ду амал шиддати паёми ҳукумати Амрикоро, ки Негропонте ба Исломобод овард, коҳиш диҳад. Ин паём борҳо садо додааст, ки Мушарраф бояд вазъияти фавқулодаро дар кишвар бекор ва раванди демократиро эҳё кунад. Аммо яке аз ҳампаймонҳои наздики Мушарраф, Шавкат Азиз, сарвазире ки акнун ба истеъфо рафт, дар як паёмит телевизионӣ гуфт, Покистон як кишвари соҳибистиқлол аст ва зери фармони касе нахоҳад рафт. Мушарраф низ ҳангоми гусели Азиз аз фаъолияти ӯ дар мақоми сарвазир ситоиш кард ва аз ҳукумати нав хост, роҳи ҳукумати қаблииро идома диҳад.

Собиқ раиси сенати Покистон Миё Муҳаммад Зумру Раиси муваққатии ҳукумати нав таъин шуд ва дар расми савганди ӯ, Мушарраф гуфт: "Покистон ҳаргиз дар гузашта ин гуна интиқоли осоиштаи қудратро ба сар набурдааст. Ҳукумати қаблии Шавкат Азиз дар пешрафти Покистон хидмати арзанда кард ва ман аз сарвазир ва ҳукумати нав интизор дорам, ки ба сиёсатҳои ҳукумати гузашта пайравӣ кунанд."

Мушарраф рӯйдодҳои ахири кишварашро намунаи демократия номид ва афзуд, интихобот дар нуҳуми январи соли оянда барпо шуда, ҳукумати навро ба қудрат хоҳад расонд.

Беназир Бҳутто, раҳбари мухолифони Покистон гуфт, тарафдорони ӯ ҳукумати навро эътиоф намекунанд. Онҳо бо хиёнат ба мардум дар зери дастури вазъияти фавқулодда савганд ёд карданд ва ин ҳукумат ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд, гуфт Бҳутто. Вай афзуд, "мо хоҳони як ҳукумати бетарафе ҳастем, ки интихоботи озод ва одилонаро тазмин диҳад." Бҳутто бори дигар аз Мушарраф тақозо кард, аз мақоми низомии худ истеъфо диҳад вагарна бояд ба як инқилоби зидди диктатура рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG