Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OPEC ҷонибдори болоравии қимати нафт нест


Дар ҳоле, ки нархи як баррел ё худ як бушки нафти хом ба 100 доллари ИМА наздик мешавад, ахири ҳафтаи равон дар шаҳри ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саъудӣ, раҳбарони кишварҳо, вазирони нафт ва корҳои хориҷии мамолики узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) доир мешавад.

Мулоқоти Риёз ғайрасмӣ мебошад, вале дар он рӯзномаи нишасти расмии вазирони нафти кишварҳои узви OPEC муайян хоҳад шуд.

Кишварҳои харидори нафт дархост намудаанд, ки 5-уми декабр дар Абӯ Забӣ ҳангоми мулоқоти 12 вазири нафти кишварҳои OPEC имкони афзоиши истихроҷу содироти нафт баррасӣ шавад.

Рӯзи панҷшанбе, дар арафаи нашри гузориши ҳукумати ИМА дар бораи захираи маводди сӯхти ин кишвар, нархи нафт каме поинтар рафт.

Вале тоҷирони бозорҳои нафт мегӯянд, коҳиш нарх ба зудӣ қатъ гашт, зеро кишварҳои узви OPEC дархости ИМА, калонтарин муштарии нафти рӯи олам, дар мавриди афзоиши истироҷу содироти нафтро рад карданд.

Гуфта мешавад, OPEC дар ҳоли ҳозир 40 дарсади ниёзмандиҳои мамолики олам ба нафтро бароварда месозад.

Дирӯз раиси OPEC Абдуллоҳ ал-Бадрӣ гуфт, ки феълан дар бозорҳо камбуди нафт эҳсос намешавад, вале ба ҳар ҳол масъалаи афзоиши содирот дар нишасти вазирони OPEC дар Абӯ Забӣ баҳс мешавад.

Ҳоло дар муомилоти фючерӣ нафти моҳи декабр бо нархи каме бештар аз 94 доллар фурӯхта мешавад.

Дар ин иртибот Алӣ ан-Нуаймӣ, вазири нафти Арабистони Саъудӣ, бузургтарин содиркунандаи нафти OPEC, изҳор намуд, ки ин созмон ҷонибдор аз ҳад баланд шудани нархи нафт намебошад: «Дар ҳақиқат, мо тарафдори нархе нестем, ки ба рушди иқтисодӣ таъсир гузорад, ё боиси коҳиши комёбӣ гардад ва ё ба муҳити зист зарар расонад».

Дар роҳи сӯи Риёз Ғулом Ҳусейни Нозирӣ, вазири нафти Эрон, иброз дошт, ки яке аз сабабҳои асосии болоравии нархи нафт поиншавии қурби доллар аст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷшанбе сарпарасти вазорати нафти Кувайт Муҳаммад ал-Улайм гуфт, агар таҳлили вазъи феълӣ ба зарурати афзоиши содироти нафт ишора кунад, мо ҳатман дар нишасти Абӯ Забӣ таъминоти иловагии нафтро баҳс хоҳем кард.

Ҳафтаи гузашта Ожонсии байнулмилалии нерӯ, воқеъ дар Париж, пешбинӣ намуд, ки тақозои саросарии ҷаҳон ба нафт феълан 87 миллион баррел дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, вале соли 2030-вум шояд тақозо то ба 116 миллион барел дар як шабонарӯз афзоиш ёбад. Дар ҳамин ҳол тақрибан 20 дарсади афзоиши тақозо ба кишварҳои дар ҳоли рушди босуръат, аз ҷумла кишварҳои сернуфусе чун Чину Ҳиндустон, рост меояд. Ҳамчунин эҳтимол солҳои оянда шумораи мошину василаи дигари нақлиётӣ ду баробар бештар шуда, то ба 2,1 миллиард расад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи нафти хом дар байни солҳои аз 1985 то 2002-ум ҳудуди 21 долларро ташкил медод ва аз ин рӯ, ширкатҳои нафт ба сармоягузориҳои калон дар кашфи коркарди конҳои нав таваҷҷуҳи зиёд надоштанд.
XS
SM
MD
LG