Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Антарктида то ба дурии 41 миллион соли рӯшноӣ


Мӯҳтавои барномаи навбатии “Илм ва фанноварӣ” чунин аст:

----- Сокинони Тоҷикистон як падидаи ғайриодии осмониро шоҳид шудаанд, онҳо бо чашми одӣ як ситораи думдоре мебинанд, ки таркидаву рӯшноии зиёд хориҷ мекунад.

Чанде аз расадхонаҳои Тоҷикистон имрӯзҳо падидаи ғайриоддии осмонӣ ситораи думболадореро мушоҳида мекунанд, ки дар авохири моҳи окятбр ғайриоддӣ аз худ равшании зиёд хориҷ кард.

------ Олимони амрикоӣ сайёраи наверо кашф карданд, ки ба ҳеҷ як сайёраи манзумаи офтобӣ монанд нест.

Ин сайёра 41 миллион соли рӯшноӣ аз Замин дур аст ва дар атрофи ситораи худ чарх мезанад. Ин бузургтарин манзума ва системаи офтобӣ аст, ки дар хориҷ системаи офтобии мо мушоҳида шудааст.

------ Дабири кулли Созмони Милал мегӯяд, Антарктида дар вартаи як фалокати азиме қарор дорад, ки барои тамоми инсоният фоҷиабор хоҳад буд.

Бан Ги Мун пас аз сафар ба минтақаи сардтарини дунё гуфт, ба ин қора на ҳамчун сайёҳ, балки ҳамчун намояндае омадааст, то тавваҷӯҳро ба мушкили гармоиши курраи Замин ҷалб кунад.

Ва ахбори ҷолиби илму фанновариҳо.

Вобаста

XS
SM
MD
LG