Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран ду созмони тоҷикони муҳоҷири муқими Русия таъсис шуд. Ин созмонҳо эълон кардаанд, ки ҳадафашон ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирини Тоҷикистон дар Русия мебошад.

Феълан ин созмонҳо ин фурсатро низ пайдо карданд, ки аз фаъолияти ҳамдигар интиқод кунанд.

Аммо назарҳо аз дохили Тоҷикистон ба ин созмонҳо чи гуна аст?

Ба тавофуқ нарасидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бар асари таъсиси созмони воҳиди муҳоҷирони корӣ ва ба ин тартиб дар ду созмони саросарии, ба истилоҳ, ба ҳам дар мухолифат ҷамъ омадани онҳо дар Русия, ба назари таҳлилгарон, нишонгари бархӯрди манофеъи доираҳои мухталиф дар муносибат бо ин муҳоҷирин аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷики муқими Русия аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон машғули кор ҳастанд ва талоши онҳо барои таъсиси як созмони саросарии иҷтимоъиву фарҳангии тоҷикон дар Русия натиҷа надода буд. Вале акнун ҳам, ки натиҷа додаст, он мушкилоти дигареро ба вуҷуд овардааст ва ин созмонҳо аз рӯзҳои аввали таъсиси худ бештар ба интиқоди ҳам пардохтаанд, то ба иҷрои вазифаҳои эълоншудаи худ, аз ҷумла ҳалли мушкили муҳоҷирин.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки таъсиси ин созмонҳо бо муосидати гурӯҳҳои манфиъатдор мумкин шудааст. Яке аз ин ду созмон – Иттиҳодияи тоҷикистониёни муқими Русия – 5-уми ноябр анҷумани худро бо ширкати сафири Тоҷикистон дар Маскав доир кард, аммо муассисини созмони диргар – Анҷумани халқҳои Тоҷикистон дар Русия – натиҷаҳои онро зери суол бурда, аз адами таваҷҷуҳи сафир ба анҷумани созмони дувуми муҳоҷирон интиқод кардаанд.

Дар ҳар сурат, мегӯянд коршиносон, таъсиси созмонҳо як иқоми муҳимме дар амри ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон хоҳад буд. Саймуддин Дӯстов, таҳлилигари масоили сиёсиву иҷтимоъӣ, бар он аст, ки, сарфи назар аз мудохилаи доираҳои сиёсӣ дар таъсиси ин созмонҳо, билахира, давлат ба мушкили муҳоҷирин таваҷҷуҳе кардааст ва ин амри муҳим аст.

Аммо коршиносони дигар мегӯянд, ки ба назари воҳид даст наёфтани муҳоҷирон дар таъсиси созмони ягона натиҷаи мудохилаи доираҳои сиёсӣ будааст ва ин доираҳо дар оянда аз созмонҳои мазкур метавонанд истифодаи сиёсӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ихтилофи назар дар миёни муҳоҷирин – ва он ҳам дар сатҳи созмонёфта – ба салоҳи ояндаи ҳузури муҳоҷирон ва дар ростои таъмини ҳуқуқи онҳо дар Русия намебошад.

Исмоил Раҳматов, устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Тоҷикистону Русия, мегӯяд, ки доираҳои сиёсӣ талош мекунанд созмонҳои идорашавандае аз шумори муҳоҷирон вуҷуд дошта бошад.

Вале дпр ҳамин ҳол бархе коршиносон мегӯянд, таъсиси созмонҳои иҷтимоъии муҳоҷирин на танҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини корӣ дар Русия, балки барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар дохили Тоҷикистон низ хеле аҳаммият дорад.

Гуфта мешавад, дар Русия феълан дар ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад, ки умдатан машғули кор дар сохтмони саноъат ҳастанд ва, ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ, дар бисёре аз маворид ҳуқуқи онҳо нақз мешавад.

XS
SM
MD
LG