Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи ҷаҳонпаҳлавон


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии самбо ба ифтихори ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов беш аз 300 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ тӯли ду рӯз идома кард.

Дар рақобатҳо панҷ нафар шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ - Эраҷ Раҳимов (52 кг), Миралӣ Муҳибуллоев (57 кг), Санҷар Сарфарозов (82 кг), Муҳаммад Абдураҳмонов (100 кг) ва Озод Сафаралиев (беш аз 100 кг) – ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ду нафар аз бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи Тоҷикистон – Фирӯз Замонов (62 кг) ва Фарҳод Раҳимов (74 кг) – соҳиби мақоми аввал шуданд. Ҷамшед Шониёзов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд (68 кг) ва намояндаи шаҳри Душанбе Абубакр Зоиров (90 кг) пирӯз гардиданд.

Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона, пас аз пирӯзии Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, тӯли 32 сол аст, ки ягон нафари дигар аз кишвари мо дар риштаи самбо соҳиби медали тиллои сабқати ҷаҳонӣ нагардидааст.

Воқеъан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо, ки аз 8-ум то 10-уми ноябр дар Ҷумҳурии Чех баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар беҳтарин паҳлавонони тоҷик, ба мисли Парвиз Собиров, Фаридун Устопиров, Абдулфайз Муллоев, Далер Мусофиров ва Маҳмадалӣ Пардаев шомиланд.

XS
SM
MD
LG