Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси молу колои тоҷирони тоҷик дар Қазоқистон


Садҳо тон молу колои тоҷирони тоҷик, аз ҷумла аз устони Суғд дар тӯли як моҳи ахир дар гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон мавсум ба Харгос, дар наздикии шаҳри Алмати дармонда, ба гуфтаи тоҷирон, иҷозаи убри тронзитии он аз ҷониби гумрукиёни қазоқ ба таъхир меафтад.

Тоҷирони тоҷик бо роҳи тронзитии Қазоқистон аз кишвари Чин молу коло меоранд.

Як тоҷири истаравшанӣ – Зикрулло Файзуллоев ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зад ва гуфт, гумрукиёни Қазоқистон дар гузаргоҳи байни қаламрави ин кишвар бо Чин бо сабабҳои номаълум молу колои онҳоро, ки умдатан аз либосҳои тирамоҳӣ ва зимистона иборат мебошад, дар ҳабс нигаҳ медоранд.

Вай афзуд : «Мо, тоҷирони Истаравшан, зиёда аз сӣ нафар, ҳозир зиёда аз бист рӯз мегузарад, ки молҳои мо дар сӣ мошини боркаш аз Хитой омада, ба дари Алмаато, дар гузаргоҳи гумрукӣ истодааст. Сардорони мо мегӯянд, ки кормандони идораи гумруки Қазоқистон на фақат барои тоҷирони тоҷик, балки ба тоҷирони ҳамаи кишварҳои муштаракулманофеъ додани иҷозати ба тариқи тронзитӣ гузаронидани молу колоро ба воситаи қаламрави ин кишвар иҷозат надода истодааст.»

Мусоҳибам афзуд, ба ин гуна мушкил даҳҳо дигар тоҷирони тоҷик низ дар гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон, мавсум ба Харгос гирифторанд. Ӯ гуфт, масъулини ин гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон сабаби таъхири худ дар додани иҷозаи убури тронзитии қаламрави ин кишвар ба молу колои тоҷиронро то кунун баён надоштаанд. Инчунин, ба гуфтаи тоҷирон, онҳо ба Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои мусоидат ба ин мушкили худ муроҷиат бурда, аммо аз масъулини сафоратхона ҷавобе рӯшан дарёфт накардаанд.

Мақомоти идораи гумруки вилояти Суғд дар рӯзи 7 – уми ноябр дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ гуна огоҳие надоранд. Абдураҳим Ҷӯраев – муовини сардори шӯъбаи назорати гумрукии идораи мазкур дар ин бора афзуд, ки ҷониби Қазоқистон дар бораи ин иқдоми худ ва сабабҳои он ҳамтоёни тоҷикистонии худро дар ҷараён нагузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тоҷирони Суғд мегӯянд, ки дармондани молу колояшон дар гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон дар тӯли як моҳ сармояи онҳоро аз гардиш боздошта, миёни тиҷорати онҳоро шикастааст.

XS
SM
MD
LG