Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси 6-уми вазирони кишварҳои узви Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) имрӯз дар Душанбе оғоз гардид.

Дар кори он вазирону ашхоси баландмартабаи расмии 8 кишвари узви ҲИМОМ - Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Узбакистон – ҳамчунин намояндагони аршади 6 ниҳоди бисёрҷанбаи ҳамкор дар ин барнома, ширкатҳои дуҷонибаву минтақавии дигар иштирок доранд. Иштироккунандагони мулоқот масоили марбут ба роҳҳои таъаммуқи ҳамкорӣ ва баҳамоии муассир бо бозорҳои ҷаҳонӣ баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки вазирон дар робита ба ду ташаббуси калонмиқёси таҳкимбахши ҳамкориҳо – Стротежии ҲИМОМ оид ба нақлиёту мусоидат ба тиҷорат ва таъсиси институти ҲИМОМ – таболули назар намоянд.

Ба ақидаи коршиносон, дар доираи стротежии ҲИМОМ оид ба нақлиёт ва мусоидат ба тиҷорат ба 6 «долон»-и стротежии нақлиётӣ, ки минтақаро убур мекунанд, ба беҳтаршавии дастёбии кишварҳои минтақа ба ҳамдигар ва бозорҳои бузург мусоидат хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин коршиносон, дар доираи қисмати мусоидат ба тиҷорати ин барнома, кишварҳои аъзо рӯи баландбардории муассирии тиҷорат, инчунин шаффофияту иттилоъ ба қоидаҳо, дастурот ва шароити амалкарди онҳо кор хоҳанд кард.

Крейг Стеффенсен, раҳбари шуъбаи БОР аз рӯи барномаи ҲИМОМ, мегӯяд: «Ин кӯшишҳо рафтуомади мардум ва гардиши молро дар минтақа беҳтар менамояд, ки асоси муҳкамеро барои рушдиқавӣ таъмин менамояд»

Ташаббуси дувум таъсиси институти ҲИМОМ аст, ки ду вазифаи асосиро иҷро хоҳад кард, Нахуст, баландбардории омилияти ашхоси расмии кишварҳои узви созмон дар равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин банақшагириву амалисозии лоиҳаҳои ин ҳамкориҳо. Дигар, муайянсозии роҳҳои нави ҳалли масоили минтақавӣ бар асоси таҷрибаи пешқадами байнулмилалӣ, тадқиқоти амалӣ ва таҳлили стротежӣ.

«Иҷрои ин стротежӣ ва ташаббусҳо имкон медиҳад ҳамкории минтақавии иқтисодиро ба андозаи қобили таваҷҷуҳ амиқ намуд ва ва ба он ноил гардид, ки ба ҳамсоягӣ ва ҳамкориву дурнамои хубе дар минтаҳа даст ёфта шавад» - мутақид аст ҷаноби Стеффенсен.

Дар ҳамин ҳол Хуан Миранда, мудири департаменти БОР оид ба Осиёи марказӣ ва Осиёи ғарбӣ, қабл аз конфронси вазирон изҳор намуд, ки «Барои дастгирии рушди босуръати иқтисодии минтақа кишварҳои Осиёи марказӣ бояд ҳамроҳ кор кунанд, то саддҳои роҳи тиҷоратро дур ва роҳҳову зербиноҳои дигарро беҳтар кунанд». Дар тасдиқи ин ақидааш ӯ афзуд: «Ҳамкории беҳтаршуда дар ҳалли масоили дар тиҷорат ва нақлиёти минтақа ҷойдошта ҳаракати озоду муассири одамон ва колоро аз сарҳадҳо таъмин менамояд, ки ба навбаи худ асоси муҳкамеро ҷиҳати рушди қавӣ фароҳам месозад».

Х. Миранда ҳамчунин иттилоъ дод, ки ин масъала дар иҷлосияи Душанбе ҳаллу фасл хоҳад гардид, ки интизор меравад кишварҳои узв дар он стротежии $19-миллиардии сохтмони долонҳои ҷадиди нақлиётии пешниҳодшударо баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ин долонҳои нақлиётӣ Аврупоро бо Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи шарқӣ, инчунин Русияро бо баҳри Араб ва халиҷи Форс хоҳанд пайваст.

«Стротежии баррасишаванда ҳамчунин ба ислоҳоту таҷдиди равишҳои убуру мурур аз сарҳадҳо, ки барои тиҷоратҳои содиротӣ феълан саддҳои зиёд эҷод мекунанд, даъват мекунанд» - таъкид намуд оқои Миранда.

Гуфта мешавад, ки ҲИМОМ барномаи аз тарафи Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҳамкориҳои иқтисодии минтақа дастгиришаванда мебошад, ки ҳанӯз соли 1997 шурӯъ шуда буд ва дар ҳоли ҳозир ба ташаббусҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва сиёсати тиҷориву энержӣ мутамаркиз шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG