Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар чунин доварӣ кунем, ки дар ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик нақше аз ҳунари кандакорӣ ҳаст, мутмаинам, ки иштибоҳ нахоҳад буд. Зеро бистари нахустини тифли тоҷик, ки гаҳвора аст, дар худ нақше аз ҳунари кандакорӣ дорад, ва чунин ақида низ ҳаст, ки ин як далели дар муҳити зебоипарастиву ҳунар тарбият кардан аз замони туфулияти мардуми мост.

Наҷҷорӣ ва маъруфтар бо кандакорӣ дар чӯб аз қадимтарин санъати наққошии миллати тоҷик аст, ки таърихи он ба садсолаҳо мерасад ва мероси боқии асрҳои миёна, ки дар қасру кушкҳои Ҳулбук, Панҷакент , Шаҳристон, Тахти сангин, Аҷиннатеппа кашф шуда, далели маъруфияти хеле қадимӣ доштани ин ҳунари миллати тоҷик аст. Кандакорӣ дар миёни мардуми тоҷик бо анвои мухталиф ҳунарварӣ мешавад ва кандакории барҷастаи муқарнасӣ, кандакории ҳамвор, кандакории амиқ, кандакории рӯйбаста ва кандакории дутарафа аз маъруфтарини онҳост, ки то кунун дар миёни аҳли ин ҳунар ҳифз шуда ва фаровон истифода мешавад.

Аслан ҳунармандони кандакор дар ҳама манотиқи Тоҷикистон ҳастанд ва шурӯъ аз сохтани гаҳвораву асбоби рӯзгор то дар бунёди манзилҳо аз ҳунари кандакории худ ба таври густарда кор мебаранд. Ва аммо тавлиди асарҳои бузурги ҳунари кандакорӣ бештар дар шимоли Тоҷикистон маъруф аст. Зеро дар ин минтақа теъдоди кандакорон хеле зиёданд ва афроди огаҳ аз рӯзгори сокинони ин минтақа, эҳсос кардаанд, ки бунёди манзили муқаррарии зисти мардуми ба вижа кӯҳистонии минтақа бе чуб ва кандакорӣ дар он ғайри қобили тасаввур аст. Ва асарҳои бузурги маҳфузи қадимии ин ҳунари волои чӯбкорӣ дар масоҷиду манозили мардуми минтақа, ба мисли Ҳавзи Сангин, дарёи Болои Ӯротеппа, масоҷиди Ҷомеъи Хуҷанд ва Сурхи Исфара то ҳанӯз боқист.

Дар дигар манотиқи кишвар, Бадахшону Хатлон ва Ҳисор низ аз қадим дар ороста сохтани манзил низ зиёд аз кандакорӣ дар чӯб истифода мекарданд, ва аммо тавре ба назар мерасад шурӯъ аз замони шӯравӣ ин ҳунар ба тадриҷ мақоми худро дар ин манотиқ аз даст медиҳад.

Ҳамзамон бо ин, кандакорӣ дар гаҷ, ки низ таърихи хеле қадимӣ дар миёни мардуми тоҷикро дорад, дар даҳсолаҳои ахир рушд мекунад ва дар манзилсозӣ ва бунёди иншоот аз ин усули кандакорӣ зиёд кор мегиранд. Ва низ дар як даҳсолаи ахир бо гаҷ дар қолаб рехтани ҳар гуна нақшҳо, ки ҳунари кандакориро ба хотир меорад, дар Тоҷикистон, мешавад гуфт, мӯд шудааст. Аммо тавре ҳам мегӯянд, ин усулро ҳунари аслии кандакорӣ гуфтан ҷоиз нест. Вале ин усул низ мероси таърихии худро дар шаҳрсозии тоҷик дорад, ки ҳанӯз дар Ҳулбук, Панҷакент, Шаҳристон, Тахти Сангин ва Аҷинатеппа боқист. Ва дар намунаи ин асарҳои кандакорӣ дар гаҷ табиат, ҳайвонот, ҳосили дарахтон ва парандагон тасвир шудааст.

Аммо тавре ҳам эътироф шудааст, ҳунари асили кандакорӣ, эҷоди асари бадеии тасвирӣ дар рӯи чуб аст. Чуби дарахт, чӯбе, ки замоне шоху барг ва мева дошт. Ва чун ба дасти ҳунарманд расид, мунаққашу ба асари қобили мулоҳиза ва таҳсин табдил мешавад.

Дар Тоҷикистон мактабҳои башумори таълими наҷҷорӣ ва кандакорӣ дар чӯб фаъол аст ва ҳар сол теъдоде аз ҷавононро воқеан соҳиби теғи кандакорӣ месозад. Аммо мутаассифона, тавре ки худи устозони кандакор ва низ толибилмони даргоҳҳои ин касби қадимӣ мегӯянд, наҷҷорӣ кори сангин ва пурзаҳмат аст ва ҳар нафари интихобкардаи ин пеша чунин заҳматро то интиҳо таҳаммул намекунад. Вале шогирдони ин касб дар ибтидо шавқи беҳудуд доранд, зеро худ қоиланд, ки асари кадом як наҷҷори моҳир ӯро тасхир кардаааст, то роҳ ба сӯи ин пеша бигирад. Онҳо мутмаинанд, ки агар асари кандакорӣ бо ҳассосияти хос офарида шуда бошад, ҳаттман қобили пазириши мардум хоҳад шуд.

Кандакорон мегӯянд, қабл аз офаридани асари кандакорӣ устои чӯбкор ҳамзамон бо салиқаи чӯбтарошӣ бояд асари бадеии офарида дар сар дошта бошад, то онро нахуст бо қалам рӯи тахтаи ҳамвор бирезад.

Аслан, бахши кандакорӣ фаълан дар Тоҷикистон дар заминаи фармоиш рушд мекунад. Зеро ниёзи молии устозони кандакор ба ин мусоидат мекардааст. Ва маъмултарин кори наҷҷорӣ, ки имрӯз аз он кор мегиранд, тасвири асари наққошӣ дар рӯи дарвозаҳост ва зиёд мураккаб кандакорӣ ва эҷод намешавад. Асарҳои бузургтари кандакорӣ дар сақфу сутуни чойхонаву тарабхонаҳо ба назар мерасад, ки онҳо дар бештарин маврид фармоишианд.

Тавре қаблан ҳам зикр кардем, санъати кандакорӣ ба кулли бахшҳои рӯзгори мардуми тоҷик ворид шудааст ва дар бештарин маврид нақши тарбиятгарии мардумро низ дорад. Наҷҷорон дар сақфу сутуни масоҷид ба ҳунари худ ояҳои Қуръон ва абёти аз адабиёи мазҳабиро бармечинанд, ки асари онҳоро муассиртару рангинтар месозад. Ва аслан дар Тоҷикистон масҷиду мадрасеро наметавон тасаввур кард, ки орӣ аз санъати наҷҷорӣ бошад. Яъне, истифодаи фаровони асарҳои кандакорӣ чунин тасаввуреро пайдо кардааст, ки наҷҷорӣ ба як ҷузъи фарҳанги исломӣ табдил шудааст. Ва воқеан низ нақши тарбиятгарии ҳунари кандакорӣ хеле барҷаста ба назар мерасад, зеро ҳамзамон бо он ки эҷоди асари ҷиддии кандакорӣ худ маҳсули фаровони тахайюл аст, истифодаи аз эҷоди адабӣ низ ба нақшу ҳусни он меафзояд.

Камол Насруллоҳ, шоири тоҷик мегӯяд, аслан кандакорони саршинос ҳамзамон бо ин ҳунар аз фарҳангу адабиёту таърих хеле хуб огаҳӣ доранд ва робитаи санъати наҷҷорӣ бо адабиёт маҳз бо дастони онҳо анҷом шудааст. Ва дар маҷмӯъ аҳдофи санъати наҷҷорӣ низ мушобеҳ ба адабиёт аст.

Ҳамчунин, санъати кандакорӣ дар Тоҷикистон бо санъати мусиқӣ робитаи хеле қавӣ дорад ва аслан ҳам асбобҳои мусиқи қадимии тоҷик, навъҳои мухталифи он ҳунари дасти кандакорон аст. Чунин тахминҳое низ ҳаст, ки таърихи кашфи кадом як асбоби мусиқӣ, ба монанди дутор, думбра, ситор, ҳатто танбуру карнай низ ба завқи кадом як кандакоре иртибот мегирад. Зеро шояд бастагии зиёди наҷҷор ба санъати мусиқӣ боис шуда, ки асбобе тавлид шавад. Ва низ завқи ҳунари кандакорӣ дар санъати мусиқӣ бахши муҳим дар рушди ҳунари навозандагӣ унвон мешавад.

Дар Тоҷикистон аслан намоигоҳҳои вижаи кандакорӣ сурат намегирад. Иллати онро кандакорон дар он мебинанд, ки иттиҳодияи вижа нест, ки ба таъсиси инчунин намоишгоҳҳо ва фурӯши ҳунарҳои кандакорӣ мусоидат кунад. Албата дар аксар маврид асарҳои ҳунари кандакорӣ ба таври инфиродӣ аз сӯи устози он тиҷорат мешавад.

Дар осорхонаҳои Маскав, дар шумули дигар осори ҳунари мардуми тоҷик асарҳои кандакорӣ низ зиёд ба маъраз гузошта мешуд. Аммо феълан дар Осохонаи ҳунарҳои мардуми Шарқ, воқеъ дар Маскав тақрибан чизе аз ин сорори кандаокрӣ боқӣ намондааст.

Масъулини осорхона гуфтаанд, ҳарчӣ аз ҳунари кандакории тоҷикон дарёфт кардаанд, аз замони Шӯравӣ аст. Вале рӯшан нагуфтанд, ки ба кадом хотир феълан наметавонанд инчунин асарҳоро аз Тоҷикистон дарёфт кунанд. Вале чун дар шумули муҳоҷири зиёди кории тоҷик теъдоде аз ҳунармандони кандакор дар Русия мардикоранд ва дар манзилсозиву бунёди қасру кушкҳо нақш доранд, шояд нақши кандакории ҳунармандони тоҷик низ дар робита дар ин кишвар густариш меёбад.

Вале намунаи барҷастаи ҳунари кандакории тоҷик феълан дар дигар кишварҳои олам маҳфуз ва мавриди тамошои ҳаррӯзаи сокинон қарор дорад. Барои мисол, дар шаҳри Боулдери Амрико як чойхонаи тоҷикӣ бо заҳмати дасти кандакорони тоҷик бунёд ва ба шаҳрдории Боулдер аз шаҳрдории Душанбе тақдим шудааст, намунаи олӣ ва далели маъруфияти ҳунари кандакории тоҷик аст.

XS
SM
MD
LG