Пайвандҳои дастрасӣ

Суғд: парвандаҳо нисбат ба ду мансабдор


Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз замони шурӯъи фаъолият то кунун нисбати ду мансабдор бо иттиҳоми ҷиноёти коррупсионӣ ду парванда боз кардааст.

Сардори оҷонси мазкур Миллопар Бандишоев дар ин бора гуфт сардорони идораҳои андози шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара Абдуқодир Қаландаров ва Суҳроб Фозилов барои аз худ кардани амволи давлатӣ, мувофиқан ба маблағҳои 50 ҳазор сомонӣ ва беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешаванд.

Ба сурати умум, Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз оғози сол бо иттиҳоми ҷиноёти коррупсионӣ 67 нафарро ба ҷавобгарӣ кашидааст. Аммо ин нафарон умдатан кормандони оддӣ ва миёнаи бахшҳои мухталиф: ҳифзи ҳуқуқ, саноат ва энергетика, кишоварзӣ ва тиҷорат, маориф ва тандурустӣ мебошанд. Як тан аз онҳо – мудири анбори идораи барқи Қайроқум дар зимни тафтиш ва ошкор шудани камбуди молӣ ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ худро дар ҷои ҳодиса бо роҳи овехтан нобуд кардааст.

Аммо коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки фаъолияти Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Суғд муассир нест ва то кунун натавонистааст ба коҳиши фасод ва ришвахорӣ дар ҷомеа мусоидат кунад.

Аммо масъулини Оҷонси мубориза бо фасод дар Суғд мегӯянд, ки дар зимни пажуҳишҳои қаблии 53 парвандаи 67 муттаҳамин ва санҷишҳо товони зарарҳои молӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиён сомониро бо пули нақд ва амвол бар фоидаи давлат руёнидаанд. Дар ҳоле ки ин ниҳод амалан дар панҷ моҳ пеш ба фаъолият оғоз карда, ҳанӯз шумораи кормандонаш пурра нашудааст .

XS
SM
MD
LG