Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ИМА алайҳи бонкҳои эронӣ


Интизор меравад, парчамҳои бонкҳои эронӣ дигар дар Аврупо низ поин бишаванд
Интизор меравад, парчамҳои бонкҳои эронӣ дигар дар Аврупо низ поин бишаванд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тарҳримҳои нав, талош дорад, фаъолияти бонкҳои Эронро дар дигар кишварҳои ҷаҳон маҳдуд сохта, онҳоро дар инзиво гузорад.

Бонкҳои давлатии эронӣ, яъне Бонки миллӣ, Бонки "Миллат" ва Бонки "Содирот", ки исми онҳо мушаххасан зикр мешавад, чун муассисаҳои кӯмакрасони гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистону Ироқ ва Ховари Миёна ном бурда мешаванд. Ҳамроҳ бо Бонки "Сипоҳ", ки ҳамчунон аз ҷониби ИМА ва СММ таҳрим шудааст, ин сохторҳои молӣ беш аз 50 дар сади сектори бонкии Эронро фаро мегиранд.

Аммо саволе, ки дар ин замина матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо дигар давлатҳои ҷаҳон даъватҳои Вашингтонро барои таҳрими ин муассисаҳо пайгирӣ хоҳанд кард?

Баъзе бонкҳои аврупоӣ гуфтанд, ки амалиёти худро дар қаламрави Эрон пурра ва ё ба қисман қатъ кардаанд.

Ҳанӯз соли 2005 бузургтарин бонки Швейсария - UBS гуфт, ки фаъолиятҳои худро дар Эрон қатъ мекунад. Гурӯҳи дигар бо исми Credit Suisse Group гуфт, ки ҳеҷ як қарордоди тиҷоратиро дар ин кишвар мабалағгузорӣ нахоҳад кард.

Ду бонки бузургтарини олмонӣ - Deutsche Bank ва Commerzbank гуфтанд, ки аз бозори Эрон хориҷ мешаванд. Аммо ҳамаи ин қарорҳо бар асоси тасмимгириҳои тиҷоратӣ, на сиёсӣ қабул шудаанд, мегӯянд нозирон.

Аммо дар тӯли ду соли охир, мақомоти вазоратҳои умури хориҷа ва молияи ИМА аз бонкҳои Аврупову Ховари Миёна тақозо карданд, ки аз ҳамкорӣ бо Эрон даст кашанд.

Муддате пеш ИМА эълон кард, ки даъватҳои вай натиҷаҳои муайян ба бор оварда, онҳо беш аз 40 бонки байналмилалии бонуфуз ва сохторҳои молиявии ҷаҳониро водор ба қатъи тиҷорат бо Эрон кардаанд.

Ҳарчанд, коршиносон мегӯянд, ҳанӯз барвақт аст, ки Амрико шаҳди пирӯзӣ чашад. Бонкҳои эронӣ, ки мавриди ҳадафи ИМА қарор гирифтаанд, ҳанӯз дар пойтахтҳои давлатҳои аврупоӣ ва дар намояндагиҳои онҳо дар манотиқи дигари ҷаҳон, мисли Қибрис, дафтарҳои худро боз мекунанд.

Ахиран, баробари пахши изҳороти мақомоти баландпояи амрикоӣ оиди таҳримҳои нави ИМ алайҳи Эрон, Русия ин иқдоми Амрикоро маҳкум кард. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, таҳримоти мазкур Эронро ба як кунҷ бурда, вазъро боз ҳам бадтар хоҳад кард. Гарегин Тосунян, раҳбари Анҷумани бонкҳои Русия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бонкҳои кишвари вай аз даъватҳои Вашингтон пайгирӣ нахоҳад кард.

Аммо он чи ки рӯшан аст, ва аксар коршиносон ҳам пешгӯӣ мекунанд, ин аст, ки вазорати молияи Амрико ният дорад, таблиғоти худро зидди фаъолияти сохторҳои молиявии эронӣ идома диҳад.

XS
SM
MD
LG