Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаҳиш"-и сатҳи таваррум дар Тоҷикистон


Мақомоти молии Тоҷикистон мегӯянд, дар шарҳи ҷаҳиши ногаҳонии таваррум ва пешгӯи идомаи он оҷизанд ва ҳанӯз дар мавриди сиёсати сармоягузорӣ даст ба амале низ нахоҳанд зад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷаҳиши ғайриинтизори таваррум, ки дар нӯҳ моҳи имсол ба ҷони 9 дарсади ҳамин давраи соли гузашта 12,4 %-ро ташкил дод, дар тааҷҷуб аст. Ноиби раиси Бонки миллӣ Ҷумъа Эшов ба хабарнигорон гуфт, чунин ҷаҳиш таҳти таъсири омилҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст. Вай аз ҷумла, афзоиши нархҳои моли воридотӣ ва пеш аз ҳама орд, гандум, фуровардаҳои нафтиро далел овард.

Ҷаноби Эшов гуфт, дар шароити феълӣ Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад, сатҳи таваррум дар моҳҳои ояндаро пешгӯӣ кунад, зеро ба қавли ӯ кишвар қодир нест, ба омилҳои беруна таъсир расонад. Бо вуҷуди ин, азфуд ӯ, Бонки миллӣ мақсад надорад, баҳраи вомҳоро аз 13 дарсади эълоншуда кам ё зиёд кунад, зеро чунин иқдом метавонад ба бонкҳо зарба бизанад.

Бархе аз коршиносон ҷаҳиши таваррум ва пешбинӣ нашудани онро ҳамчунин ба номукаммалӣ ва тафовутҳо дар омор низ мебинанд. Моҳи августи соли равон намояндагони созмонҳоит байнулмилалии молиявӣ низ ба гуногунии арқом дар эҳсоия ишора карда, гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон сатҳи рушди иқтисодӣ аз будаш бештар ва таваррум аз будаш камтар нишон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG