Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусоҳиба бо сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон


Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон

Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори радиои Озодӣ бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Баҳром Холназаров.

-- Қабл аз ҳама бигӯед, ки Шумо ҳамчун сафир дар ин ҷо кори худро аз чӣ оғоз мекунед?

--Ман фикр мекунам, ки кор ва фаъолият бо муҳоҷирон, яъне шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон , ҳамчунин бо тоҷикони бумии ин сарзамин аз максадҳои аввалиндараҷаи ман аст. Масъалаи дуюме, ки ман дар ин ҷо бо он машғул шуданӣ ҳастам, ин ҷалби сармояи хориҷӣ, чӣ хурду чӣ калон барои Тоҷикистон аст. Ширкатҳои хориҷие, ки дар Қазоқистон сармояи хешро гузоштаанд, мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба Тоҷикистон низ ҷалб намоем.

-- Дар муддати чанд рӯзе, ки Шумо ин ҷо қарор доред,шумо бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон мулоқот кардед ва бо вазъ ҳам ба андозае ошно шудед. Мушкилоти асосие, ки ҷамъияти тоҷикон ва ё муҳоҷирони тоҷик доранд, ба назари Шумо, кадомҳоанд ва чӣ тавр метавон онҳоро ҳал кард?

--Тавре ки Шумо низ огоҳ ҳастед, дар Қазоқистон 9 ҷамъияти тоҷикон фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо парокандаанд. Яъне, вазифаи асосии мо ин аст, ки барои ба ҳам пайвастани онон мусоъадат карда, фаъолияти хуқуқии онҳоро хубтар ба роҳ монем. Дар он маврид ин ҷамъият барои ҳалли ҳама масоил, ки дар байни тоҷикон ба миён меояд, накши умда хоҳад бозид.

-- Дар мулоқоти пазириши шумо аз ҷониби Нурсултон Назарбоев -- раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ба эшон супоридани устуворномаи хеш сӯҳбати шумо атрофи кадом масъалаҳо буд?

--Пеш аз ҳама раиси ҷумҳури Қазоқистон ба мо гуфт, ки Тоҷикистон барои мо шарики стратегӣ ва муттафиқ аст. Яъне, мо кӯшиш хоҳем кард, ки ёрии худро барои ҷумҳурии Тоҷикистон, барои боло бурдани иқтисоди он , бо сармоягузорӣ дар ин кишвар ёрии хешро ба ҷумҳурии бародари Тоҷикистон бирасонем.

-- Дар муносибатҳои байни Қазоқистону Тоҷикистон кадом самтҳо аввалият доранд?

-- Пеш аз ҳама дар Қазоқистон бонкҳои басо калон фаъолият мекунанд ва онҳо намояндагии хешро дар ҷумҳурии Тоҷикистон боз карда истодаанд. Барои кашфу истихроҷи захоири табиӣ бисёр сармоягузорӣ карда истодаанд. Онҳо метавонанд дар бахши энергетика , аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна сармоягузорӣ намоянд. Ҳамчунин бисёр ҳуҷҷатҳо дар мавриди чунин сармоягузориҳо, аз ҷумла дар бораи бунёди Сандуқи сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон бо сармояи 100 миллион доллар ба имзо расиданд.

-- Шумо ҳамчун сафир, тавре мо иттилоъ дорем , ҳам бо мақомоти Қазоқистон ва ҳам бо намояндагони идораҳои дахлдори ин кишвар мулоқотҳо анҷом додед ва сӯҳбати шумо атрофи кадом масоил буд?

-- Дар ин мулоқотҳо ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон изҳор карданд, ки онон омодаанд ба шаҳрвандони тоҷик , ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, барои осон гардидани кору зиндагии онон дар ин кишвар ёрии хешро бирасонананд .

--Ва пурсиши дигар ва албатта, ба он шунавандагони радиои Озодӣ низ посух меҷӯянд ин аст, ки бархеҳо бар ин назаранд,ки барои ба ин мансаб пазируфта шудани Шумо шояд қаробати хешовандӣ бо раиси ҷумҳур мусоидат кардааст. Ин гуфтаҳо то чӣ андоза дурустанд?

-- Ман , рости гап, як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки пеш аз ҳама, вакте ки кори давлатӣ бошад, ба андешаи ман ягон хешутаборӣ сари роҳ набошад. Ҳамаи мо барои пешравии ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомиа кор мекунем . Фикру ақидаи ман он аст, ки ман бояд барои халқ хидмат кунам, на барои дигар нафарон. Вакте ки раиси ҷумҳур ва ҳукумати ҷумҳурӣ маро ба ин вазифа таъин кард, ман барои расонидани ёрӣ ба тоҷиконе, ки дар ин ҷо кору фаъолият менамоянд, талош мекунам. Бояд нуктаи дигарро низ ёдовар шавам, ки кабл аз сафир таин шуданам, ман ҳамчун сарвари раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардам. Ман ҳамчун сардори раёсат дар муддате, ки дар ин вазифа будам, барои хуб анҷом додани кори хеш талош кардам ва ба андешаи ман ба ин ҷо чун сафир фиристода шуданам ба кори хубам дар Вазорати корҳои хориҷӣ бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG