Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, барои манъ кардани истифодаи фонограма асноди зарурӣ омода шудааст ва ҳоло мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, бо қабули ин пешниҳод, дар оянда истифодаи фонограма танҳо барои маъракаҳои калони варзишӣ ва ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ба дастаҳои оркестрӣ иҷоза дода хоҳад шуд.

Вазири фарҳанг афзуд, дар ҳоли ҳозир дар тамоми маъракаҳои фарҳангии давлатӣ суруду мусиқӣ ба таври зинда иҷро мешавад, вале ҳаррӯза дар кохҳои консертӣ сарояндагону навозандагони кишвар аз фонограма истифода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, консертҳои таҳти фонограма манъ хоҳанд шуд.

Ҷаноби Асрорӣ иброз дошт, тибқи муқаррароти нави пешниҳодшуда, сарояндагону дастаҳои овозхони кишвар ҳангоми сафарҳои хориҷии худ низ ҳаққи истифода аз фонограмаро нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG