Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарияи истифодаи босамари захираҳои оби Осиёи Марказӣ пазируфта нашуд, зеро бо мухолифати Узбакистон рӯбарӯст.

Саиди Ёқубзод, вазири оби Тоҷикистон, гуфт, кишвари Узбакистон аз як сӯй ба тарҳи ин Консепсия мухолифат карда, аз сӯи дигар шартҳоеро пеш гузоштааст, ки барои кишварҳое, чун Тоҷикистон ва Қирғизистон, қобили қабул нест.

Вай афзуд, се дарёи фаромарзӣ, аз ҷумла Амударё, Сирдарё ва Зарафашон, ки ҳудуди 70 дарсади оби онҳо аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, ба мудирият ниёз дорад ва Тоҷикистон солона барои нигаҳдории об, соҳилбандӣ ва иншоотҳои обӣ дар ин ҳавзаҳо даҳҳо миллиён доллар масраф мекунад. Аммо Узбакистон ва Қазоқистон моил нестанд дар мудирияти ин ҳавзаҳо ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Узбакистион бар зами напазируфтани ин тарҳ даъво дорад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон сохтмони нерӯгоҳҳои обии худро бояд бо Узбакистон ҳамоҳанг кунанд. Аммо мақомоти ин ду кишвар мегуянд, ҳеҷ санади байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ё дуҷонибае кишварҳои болообро муваззаф ба ҳамоҳанг кардани барномаҳои сохтмони неругоҳҳо бо кишварҳои ҳамсоя накардааст.

Аз сӯи дигар, мегуянд мақомоти Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳо дар ҳавзаи Ому ва Зарафшон тарҳҳои ҷадид нестанд ва ҳамаи кишварҳои ҳамсоя барои эҳдоси ин тарҳҳо мувофиқат кардаанд ва зимни пазируфтани ӯҳдадориҳои шӯравии собиқ ҳангоми фурӯпошии он вазифадоранд ба он амал кунанд.

Узбакистон ва Қазоқистон иддао доранд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳҳо ва сарбандҳои обӣ дар Тоҷикистон ва Қиргизистон соҳаи кишоварзии кишварҳои поёноб аз як сӯ хисорот хоҳад дид ва аз сӯи дигар боиси фоҷиаҳои зистмуҳитӣ хусусан дар ҳавзаи баҳри Арал хоҳад шуд.

Аммо Саиди Ёқубзод, вазири об, мегуяд, Тоҷикистон дар ҳеҷ сурат ҳозир нест аз ҳаққи худ бигзарад ва тарҳи ба истилоҳ зарар нарасонидан ба кишварҳои поёнобро, ки аз сӯи Узбакистон пешниҳод шудааст, бипазирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG