Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатарҳо ба иқтисоди Тоҷикистон


Сандуқи байналмилалии пул гуфт, иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли оянда чаҳор аз даҳ ҳашт дар сад рушд мекунад, ки назар ба пешбиниҳои аввал камтар аст.

Муаллифони дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2008 тахмин мекунанд, ки ошуфтагиҳо дар бозорҳои молӣ, таваррум ва болоравии қиммати нафт суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро кундтар мекунад.

Ин таҳаввулот ба иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳамеша дар баробари падидаҳои ногаҳонии иқтисодҳои хориҷӣ осебпазир будааст, табиатан бетаъсир намемонад.

Дар сӯҳбате бо Люк Моерс - раҳбари дафтари Сандуқи байналмилалии пул дар Душанбе пурсидам, ки болоравии қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба 90 доллар расид, иқтисоди Тоҷикистонро ба чӣ дарди саре гирифтор хоҳад кард?

“- Якум ин ки, Тоҷикистон нафт ва ё сӯзишвории нафтиро аз хориҷ мехарад, ки боло рафтани қиммати он ба тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад ва ҳамингуна тиҷорати хориҷӣ метавонад манфӣ шавад. Ҳамчунин, болоравии қиммати нафт ба мизони таваррум дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад, зеро қиммати нафт ба қиммати бозорҳои дохилӣ беасар намемонад. Дар баробари дигар чизҳо, масалан, ба қиммати роҳкирои нақлиёт таъсир мерасонад, чун автобусҳо ба бензин ҳаракат мекунанд ва барои тавлиди бензин нафт лозим аст. Ҳамингуна боло рафтани қиммати ҷаҳонии нафт, сабаби боло рафтани мизони таваррум дар Тоҷикистон мешавад.”

Танҳо дар Тоҷикистон қиммати сӯзишвории нафтӣ, бахусус бензин дар соли равон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Тоҷикистон танҳо аз Қазоқистону Русия бензин ворид мекунад, ва аз авоили сол то моҳи равон нархи он аз 2 сомониву 20 дирам то ба 2 сомониву 70 дирам расидааст, ки тақрибан як доллари амрикоист. Болоравии қиммати маводи ғизоӣ, ки махсусан барои мардуми камбизоат дарднок аст, соли равон ба таври рӯшан низ эҳсос мешуд ва мешавад.

Аммо падидаи ҷаҳонии иқтисодии дигар, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд, поён рафтани арзиши доллари амрикоист. Люк Моерс, раҳбари дафтари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт:

“-Дар мавриди поён рафтани қурби доллар. Ба андешаи ман агар поён рафтани арзиши доллар воқеъан рушди иқтисоди ҷаҳониро кундтар кунад, дар он сурат иқтисоди Тоҷикистон низ латма хоҳад дид. Агар доллар воқеан суқут кунад, ки ҳоло чунин нест ва танҳо арзиши он поён меравад ва он суқут рушди иқтисоди ҷаҳониро кунд кунад, дар он сурат рушди иқтисодии Тоҷикистон низ латма хоҳад дид.”

Аммо то нимаи аввали соли равон иқтисоди Тоҷикистон ба гуфтаи Бонки осиёии рушд, то 7 % рушд кардааст ва ба шарофати пулҳои фиристодаи муҳоҷирону боло рафтани талаботи дохилӣ. Аммо мизони таваррум аз он чӣ ки пештар тахмин мешуд, болотар рафта ва то охири сол шояд аз марзи даҳ дар сад низ гузарад.

Ба гуфтаи Люк Моерс, агар қиммати нафт ҳамингуна болотар ва арзиши доллар поёнтар равад, табиатан қимматҳо дар Тоҷикистон болотар рафта ва ба зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад ва рушди иқтисод назар ба интизорот пасттар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG