Пайвандҳои дастрасӣ

Гумруки Узбакистон намегузорад молу мавод, аз ҷумла таҷҳизоти фаннии корхонаи муштараки тилои "Зарафшон" ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Шокир Исмоилов, сардори идораи гумруки ноҳияи Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, шаш моҳ аст, номаҳои расмие, ки идораи гумруки Тоҷикистон ба масъулони умури гумруки Узбакистон мефиристад, беҷавоб боқӣ мемонанд. Дар ин номаҳо аз гумрукиёни Узбакистон дархост шудааст, қоидаи манъи гузарондани молу маводро аз тариқи марзи миёни ду кишвар бознигарӣ кунанд. Ин ташаббуси якҷонибаи тарафи Узбакистон, ки барои мусофирон интиқоли ҳама гуна молу маводро аз Узбакистон ба Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, сабаби коҳиши гардиши мол миёни ду минтақаи марзии ҳамсоягон шудааст. Чунончи, назар ба ҳамин давраи соли гузашта табодули марз дар миёни вилояти Самарқанди Узбакистон ва ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон ба андозаи 20 миллион доллар камтар шудааст.

Ҷаноби Исмоилов, сардори идораи гумруки ноҳияи Панҷакент ҳамчунин гуфт, масъулони гузаргоҳи марзии Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Узбакистон аксар вақт ин гузаргоҳро бидуни огаҳии қаблӣ ба тарафи ҳамсоя мебанданд. Вай афзуд, гумрукиён ва марзбонони Узбакистон на танҳо интиқоли молу маводро барои тоҷирон иҷозат намедиҳанд, балки интиқоли мошину маводи муҳим ва таҷҳизоти техникиеро, ки барои корхонаи муштараки тилои "Зарафшон" оварда шудаанд, ба ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон роҳ намедиҳанд. Моҳи гузашта чаҳор мошин бо вуҷуди тахт будани ҳамаи асноди гумрукии онҳо ва тасдиқномаи Тошканд, аз марз ақиб гардонда шуд ва чанд ҷиҳози дигаре, ки барои тармим ба хориҷа бурда шуданд, дар бозгашт иҷозаи интиқол шудан ба Тоҷикистонро надоранд. Мақомоти гумркуи Узбакистон аз ҳама гуна шарҳ дар ин масъалаҳо худдорӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG