Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Туркманистон ба иҷрои ҳукми афви ҳазорҳо зиндониён шурӯъ карданд.

Дар оғоз умед буд, ки дар шумули афвшудагон зиндониёни сиёсӣ ҳам ном бурда мешаванд. Онҳо дар замони раиси ҷумҳурии собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов зиндонӣ шуда буданд. Аммо ин тавр нашуд. Дар наворҳои телевизиони давлатӣ шоми душанбе чанд маҳбуси афвшударо намоиш доданд, ки аз гуноҳҳои кардаашон тавба ва аз иқдоми ҳукуматро дар амри раҳоии онҳо ситоиш мекарданд.

"Ман Таған, аз вилояти Тошҳавз, - мегӯяд яке аз онҳо, - қасам мехӯрам, ки дигар даст ба ин корҳо намезанам. Президенти мо гуфт, ки мо дигар чун ҷинояткор арзёбӣ намешавем ва ба мо кор пешниҳод мешавад. Мо аз ӯ миннатдор ҳастем".

"Ба Қуръони Маҷид қасам, ба нон ва Руҳномаи муқаддас қасам, ки ман дигар ҷиноят нахоҳам кард", - мегӯянд озодшудагон.

Дар миёни зиндониёни раҳошуда, маъруфтарин шахс Гелдӣ Киёризов, собиқ раиси Анҷумани Асппарварони Туркманистон, буд, ки чун шгари асппарвари маъруфи Ахалтекӣ ном баровардааст. Барои раҳоии ӯ аз зиндон созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар зиёд талош кардаанд. Созмони «Афви байнулмилал» мегӯяд, ки вай аз январи соли 2002 шадидан мариз будааст. Ӯро бо гуноҳи баромадан аз ҳаққи ваколат ва саҳлангорӣ ба зиндон андохта, бояд танҳо дар апрели соли 2008 озод мекарданд.

Дигар нафаре, ки исмаш дар ҷомиъаи Туркманистон хуб ошно ҳаст, Нурмурод Раҷабов, писари собиқ муҳофизи президент Сафармурод Ниёзов, аст. Далелҳои озодшавии Раҷабови хурдӣ аслан мисли сабабҳои зиндонӣ шудани ӯву падараш номуайян боқӣ мемонад.

Дар ҳоле, ки аксарият дар хориҷ чашм ба озодшавии Борис Шайхмуродов, вазири хориҷаи собиқи Туркманистон дӯхта буданд, мақомоти кишвар танҳо амри афви ҳамсар ва бародарзодаи ӯро ба тасвиб расониданд.

Гуфта мешавад, аслан, анъанаи афви шумори зиёди зиндониён дар Туркманистон солҳост идома дорад ва гоҳе ҳам соле чандин бор анҷом дода мешавад. Масалан, соли 1999 ин кишвар шоҳиди судури чаҳор қонуни афв шудааст. Шумори зиндониёни раҳошуда ҳам ҳамеша зиёд аст - аз ҳафт то даҳ ҳазор нафар. Имсол тибқи иттилоъи расмӣ 8853 нафар ба озодӣ баромаданд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки бо афви давлатӣ озодшавии пеш аз муҳлати онҳое, ки даст ба таҷовуз, куштор ва терроризм задаанд, инчунин кормандони собиқи мақомоти давлатӣ, ки бо ҷурми ришвахорӣ ва азхудкунии маблағҳои давлат зиндонӣ шудаанд, ҳеҷ гоҳ афв намешаванд.

Гуфта мешавад, дар байни пеш аз муҳлат озодшудаҳо имсол 1370 зан ҳам ҳаст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари таҳлилгарон мегӯянд, азбаски дар кишвар масъалаи шуғл аз сахттарин мушкилоти ҷомиъа боқӣ мемонад, аксари ин афрод дубора даст ба ҷиноят зада, боз ба зиндонҳо бармегарданд.

Дарҳамин ҳол дар Туркманистон на ҳама бо чунин қарорҳои ҳукумат мувофиқ ҳастанд. Мухолифон мегӯянд, ки бо раҳоии шумори зиёди ғоратгарону роҳзанҳо дар ҷомиъа мизони ҷинояткорӣ ба таври шадид афзуда, шумори муътодони маводди мухаддир аз ҳисоби онҳо афзоиш меёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино бар ҳикояти озодшудагон, дар дохили зиндонҳо барномаҳои таълимӣ ва омӯзиши касбу шуғле ба роҳ монда нашудааст, ва аз ин рӯ эшон бар инанд, ки чун бидуни омодагии маънавиву касбӣ зиндониёни собиқ дар озодӣ бе кору машғулият мемонанд, дубора даст ба ҷиноят мезананд.

XS
SM
MD
LG