Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи зидди табъиз дар Русия.


Мақомоти Русия ахиран тасмим гирифтаанд, ки табъиз ё нақзи ҳуқуқ ҳангоми қабули кор дар ин кишварро аз байн бубаранд.

Имрӯзҳо дар Русия ба эъломҳои зиёде доир ба қабул ба ҷои корро метавон дид, ки, ба гуфтаи ҷавонон, муғойир ба қонунҳои Русия аст. Барои мисол корфармо талаб мекунад, ки фарди мавриди назар бояд беш аз 5 ё 10 сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.

Екатерина, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии Русия, мегӯяд, корфармоён бо ҳар гуна талаботи ғайриқонунӣ роҳро барои қабули ҷавонон ба ҷои кор мебанданд: «Донишҷӯ донишгоҳро хатм мекунад ва назди корфармо меояд, аммо корфармо ба ӯ мегӯяд, шумо таҷрибаи корӣ надоред ва ман шуморо ба ҷои хуб наметавонам бигирам - шуморо ба як кори паст меандозад. Вале ин ҷавон донишгоҳи хубро хатм кардааст. Агар ин нақзи ҳуқуқ набошад, пас чист?»

Хонуми Елена Герасимова, коршиноси ҷавони рус, низ ҳарфҳои хонуми Екатеринаро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки дар Русия дар беш аз 50 дарсади эълонҳо нишонаҳои табъиз вуҷуд дорад: «Дар Русия як ҳолати аҷиб вуҷуд дорад, ки дар беш аз 50 дарсади эълонҳо дар саросари Русия ва дар беш аз 60 дарсади эълонҳо дар Маскав нишонаҳои табъиз ё нақзи ҳуқуқ мушоҳида мешаванд».

Аммо Дмитрий Коробков, ки раиси яке аз ширкатҳои хусусӣ дар Русия аст, мегӯяд, дар кишвараш чунин нақзи ҳуқуқи коргар аслан вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, барои ба кор ворид шудан фақат хоҳиши кор кардан лозим аст.

Коробков мегӯяд: «Имрӯз дар Русия як мушкилист, ки дар Донишгоҳҳои олии кишварамон, донишеро, ки ба корфармо лозим аст, намеомӯзонанд. Ва барои ҳамин нафаре, ки барои дарёфти кор меояд, аз худаш вобаста аст. Агар инсон бихоҳад, ки дар оянда пешрафт кунад, ӯ ҳатман ба муроду мақсади худ мерасад. Дар инҷо фақат хоҳиши кор лозим аст».

Ба нақзи ҳуқуқ на танҳо ҷавонони рус, балки аксари ҷавонони тоҷики муқими Маскав низ рӯбарӯ ҳастанд. Бештари ҷавонони тоҷикро танҳо барои тоҷик будан ва шиносномаи Тоҷикистон доштанашон корфармо дар Русия ба кор намегирад.

Умеди Ҷайҳонӣ, як ҷавони тоҷики муқими Маскав, ки борҳо ба чунин вазъ рӯбарӯ шудааст, чунин мегӯяд: «Корфармое, ки шаҳрвандони бегонаро ба кор мегирад, бояд чандин баробари дигар андози бештар бисупорад. Кадом корфармо девонааст, ки андози бештаре супорад? Дигар ин, ки кормандеро, ки ба кор мегиранд ҳамчунин бояд таъмини иҷтимоъӣ дошта бошад. Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин аст, ки коргар бояд бимаи ё суғуртаи тиббӣ дошта бошад. Бигӯем, ки барои мардуми тоҷик чи суд ё зиёне дорад? На суду на зиён. Аввал ин, ки мо аз атбоъи ин кишвар нестем, ки қавонинаш барои мо мувофиқ бошад, мо борои онки ба кори инҳо дароем, бояд сад қонунро пушти сар гузорем. Яъне ки мо бояд рафтори худро мутобиқи қавонини ин кишвар кунем».

Акнун, ба гуфтаи мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва кумитаи иштиғоли Русия, онҳо мехоҳанд, ки барои роҳ надодан ба табъиз ва нақзи ҳуқуқ дар эъломҳои қабул ба ҷои кор синну ҷои иқомат ва шаҳрвандӣ зикр нашавад.

Ин ду ниҳод, ба гуфтаи мақомот, роҳҳои қонунии манъи нашри эъломҳои табъизомезро баррасӣ мекунанд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG